Аз дохили ҳавлии навсохт махфигоҳи маводи мухаддир дарёфт гардид
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Шӯрообод»-и ҚС КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба пешгирии интиқоли маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Точикистон чорабиниҳои кофтуковӣ гузарониданд, ки дар натиҷаи он маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Бино ба маълумоти Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз дохили ҳавлии навсохти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Давлатов, соли таваллудаш 1963, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ш. Шоҳин, ҷамоати деҳоти Н. Маҳмудов, деҳаи Порувор аз як махфигоҳ тақрибан 15 кг маводи мухаддир дарёфт гардид.
Ба иттилои манбаъ, оид ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






