Ба истиқболи Рӯзи милитсия: Бобо Содиқов яке аз асосгузорони милитсияи тоҷик

Ноябрь 5, 2016 11:19

Душанбе, 05.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бобо Содиқов дар баробари нахустмилитсионерони тоҷик Ҳайдар Усмон, Қутбиддин Наҷмиддинов, Комил Ёрматов, Мирзояҳё Аминов аз шахсиятҳое мебошад, ки ҳанӯз солҳои 1917-1918 милитсияи тоҷикро поягузорӣ карда буданд.
Бояд гуфт, ки аз сабаби он, ки солҳои аввали инқилоби октябр дар байни мардуми таҳҷоӣ мафҳуми «милитсия» ҳанӯз маъруф набуд, аввалин кормандони милитсияро ихтиёриён, аскарони сурх ва ё партизанҳо меномиданд. Мафҳуми милитсия баъдан дар миёни мардум паҳн шуд.
Дар ташкили Армияи Сурх ва милитсияи тоҷик ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш Бобо Содиқов саҳмгузорӣ кардааст. Дар ин хусус дар мандати аз 25 августи соли 1919 буда чунин навишта шудааст: «Мандат дода шуд ба рафиқ Бобо Содиқов дар асоси қарори ташкилоти партиявии Ӯротеппа аз 22 августи соли 1919, №31, пункти 2 дар он хусус ба ӯ супорида шавад, ки аз ҳисоби ихтиёриёни мусулмонон барои Армияи Сурх солдат қабул намояд».
Дар мандат мӯҳр ва имзои раиси исполкоми уезди Ӯротеппа гузошта шудааст.
Солҳои 1920-1922 бо сарварии Бобо Содиқов дар уезди Ӯротеппа барои ҳимояи музаффариятҳои ба даст овардашуда аввалин отряди савораи милитсияи тоҷик ташкил карда шуд.
Отряди милитсияи савора дар якҷоягӣ бо аскарони Армияи Сурх дар барҳам додани дастаҳои босмачиёни Холбутта, Саидмурод қӯрбошӣ, Охуни мастчоҳӣ, Саид Акрам, Турдиалӣ дар деҳаи Овчӣ, Угук, Басманда, Янгиариқи боло, Кучкина, Мастчоҳ ва ғайраҳо то соли 1931 муборизаи беамон бурданд.
Дар ин муҳорибаҳо милитсионерони беҳтарини отряд Шариф Бердиев, Обид Исломов, Мӯъмин Худойбердиев (сокинони ноҳияи Fончӣ ӯро Мӯъмин-тағо мегуфтанд), Мӯъминҷон Иброҳимов (нахустин милитсионери тоҷик, ки барои хизмати 25-солаи бенуқсон дар милитсия бо ордени Ленин мукофотонида шудааст), Иля Попов, Рауф Алибоев, Восит Азизов ва дигарон фаъолона иштирок намудаанд.
Ҳуҷҷати дигар «Шаҳодатнома» буда, онро Бюрои сиёсии милитсияи уезди Ӯротеппа 3 майи соли 1921, №489 ба Бобо Содиқов бо чунин мазмун додааст: «Дода шуд ба Бобо Содиқов ва Саъдӣ Раҷабов дар он хусус, ки ҳангоми ба босмачиёни дар деҳаи Муҷун буда, рӯзи 22 декабри соли 1920 ҳақиқатан бо хоҳиши худ ба ҷанг даромада, ба фоидаи инқилоби пролетарӣ ҷонбозиҳо намуда, 80 нафар босмачиёнро маҳв кардаанд».
Имзои мудири бюрои сиёсӣ Салко, Котиб Хачатуров.
Шаҳодатномаи дигар чунин мазмун дорад: «Шаҳодатномаи кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд аз 25 октябри соли 1926, №15600 дар бораи мукофотонидани Бобо Содиқов сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии вилояти Истаравшан бо соати нуқрагини рақами 787053».
Раиси муборизаи зидди ҷиноии вилоят (Самарқанд) Ӯрунхӯҷаев «Шаҳодатномаи Кумитаи Револютсионии Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1926 дар хусуси бо Ифтихорномаи Ҳукуматӣ ва револвери «Браунинг» бо навиштаҷоти «Барои иштироки фаъолона дар мубориза ва тамоман барҳам додани босмачигарӣ дар вилояти Истаравшан мукофотонидани Бобо Содиқов сардори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии милитсияи вилояти Истаравшан.
Ҷонишини раиси кумитаи револютсионии Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон Додобоев
Котиби масъул Раҷабов
17 феврали соли 1926, рақами 1299
Дар барҳам додани босмачигарӣ дар ҷумҳурӣ ва мустаҳкам кардани
ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон хизматҳои Бобо Содиқовро мактаби тайёркунии кормандони хурди бригадаи савораи дуюми тирандозии Туркистон қадр карда, 6 ноябри соли 1924 таҳти рақами 4179 Шаҳодатномаи зеринро додааст: «Дода шуд аз мактаби савораи
дуюми махсуси тирандозӣ ба Бобо Содиқов раиси комиҷроияи волости Басманда дар он хусус, ки ӯ ҳақиқатан дар хизмати ҳарбии мактаби тайёрӣ буда, барои содиқона хизмат намудан, дар муҳорибаҳои зидди дастаҳои босмачиён фаъолона иштирок кардан ва ба воситаи волости Басманда 12 нафар босмачиёнро ба тарафи ҳукумати нав ҷалб кардани Бобо Содиқов соҳиби унвони баланди ҳарбӣ «Аскари Сурхи Фахрӣ» шуда, ба гирифта гаштани таппончаи намуди «Наган» бо рақами 17085 бо тирҳояш сазовор гашт».
Сардори мактаби ҳарбӣ Несторов
Комиссари ҳарбӣ Громанчук
Бо имзои намояндаи Управленияи давлатии сиёсии назди Совети комиссарони халқи Ӯзбекистон дар вилояти Истаравшан Полянски 2 июли соли 1925 бо рақами 1081 дар бахши бойгонии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан маълумотномае маҳфуз аст, ки он чунин мазмун дорад: «Маълумотнома дода шуд ба сардори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии милитсияи вилояти Истаравшан рафиқ Бобо Содиқов дар он хусус, ки ӯ ҳангоми иҷрои вазифаи раиси кумиҷроияи волости Басманда ва сардори шуъбаи ҷустуҷӯии ҷиноятии милитсияи Истаравшан будан дар барҳам додани яке аз дастаҳои 22-нафараи босмачиёни Саидмурод-қӯрбошӣ фаъолона иштирок кардааст».
Ин гуна ҳуҷҷату мандатҳо нисбат ба Бобо Содиқов ва нахустмилитсионерони дигари тоҷик дар бахши бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан хеле зиёданд.
Мавриди зикр аст, ки соли 1993 дар Истаравшани бостонӣ 100-солагии зодрӯзи нахустмилитсионери тоҷик Бобо Содиқов бо тантана таҷлил шуда буд. Бахшида ба ин аз тарафи муаллифи ин сатро китобчае бо номи «Бобо Содиқов» омода ва нашр гардид, ки дар саҳифаҳои он дар мисоли милитсияи Ӯротеппа роҳи тайкардаи милитсияи тоҷик дар шимоли Тоҷикистон инъикос гардид.
Қабл аз ин, соли 1988 тавассути нашриёти «Ирфон» китоби «Роҳи пуршарафи комсомоли Ӯротеппа»-ро чоп карда будам. Дар китоби мазкур чунин навишта шуда буд: «Агар Бобо Содиқов, Шодӣ Раҷабов, Салим-партизан, Фозил Раҷабов, Ота Раҳимҷонов, Ҳ.Қосимов, А.Ҳусейнов, Парда ва Даврон Ҷонмуҳаммадовҳо, Усмон Дарвешов, Семён Ножкин, Рауф Алибоев дар атрофи Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба босмачиён зарбаҳои ҳалокатовар зада бошанд, нахустомӯзгорон Саъдулло Холмуҳаммадов, Ҳабибулло Неъматуллоев, Сангин Хидиров, Мӯсо Собиров ва даҳҳо дигарон дар фронти маҳви бесаводӣ барои саводнокии халқ мубориза бурдаанд».

Сайфулло Маҳкамов

Ноябрь 5, 2016 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст