Ба истиқболи Рӯзи милитсия: Тоҷикон аз давраҳои қадим полис доштанд

Ноябрь 2, 2016 10:35

Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Аз давраҳои қадим то инқилоби октябр хизмати полисӣ дар сарзамини  қадимиву аҷдодии мо арзи вуҷуд дошт. Ҳангоми омӯзиши  падидаҳои аввали хизмати полисӣ дар замони давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Сомониён, Темуриён ва хонигариҳои Осиёи Миёна дар охири асри XVIII то ғалабаи Инқилоби Октябр метавон ба ин хулоса омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» зикр кардааст: «Давлати Сомониёнро ба ҳеҷ ваҷҳ оғози давлату давлатдории тоҷикон хондан раво нест. Зеро халқи тоҷик то аҳди Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар ҳудуди Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамин тарҳрезӣ ва поягузорӣ кардааст».

Ҳанӯз дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми пеш аз милод Осиёи Миёна, ҳудуди давлатҳои Бохтар, Суғд, Хоразм ва қабилаҳои сакоию массагетӣ ба ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо дохил мешуданд. Шоҳони Ҳахоманишиён Куруши Кабир ва Дорои 1 мамлакатро бо мадади волиён, амалдорон ва артиш идора мекарданд.

Шоҳон дар идоракунии мамлакат ва нигаҳдории тартиботи дохилӣ аз мақомоти махсуси махфӣ истифода мебурданд, ки он ба полиси махфӣ монандӣ дошт. Атрофиён мақомотро «гӯшу чашми шоҳ» меномиданд. Вазифаи асосии онҳо аз сӯиқасди волиҳои шаҳру ноҳияҳо зидди шоҳ бохабар ва аз гуфтугузорҳои зидди шоҳ эмин шудан буд.

Намояндагони «полиси махфӣ»-и шоҳ агар аз касе гумонбар мешуданд, дарҳол ӯро ба ҳабс мегирифтанд ва ҳатто ҳуқуқ доштанд ҳокимро низ ба қатл расонанд. Кормандони ин мақомотро танҳо шоҳ мешинохту халос. Шоҳ ба онҳо нишоне медод, ки дар гарданашон меовехтанд. Ин далелест, ки дар замонҳои қадим ҳам дар Осиёи Миёна, аз ҷумла давлатҳои Суғду Бохтар, Хоразм нигаҳбонони тартиботи ҷамъиятӣ, яъне полисҳо фаъолият доштанд.

Аз охири  асри XVIII то ибтидои асри XX дар аморати Бухоро ҳокимият дар дасти амир буд. Ҳокимият дар аморат пурра ба ӯ тааллуқ дошта, амалдорони маъмурӣ дар тобеияти амир қарор доштанд.

Баъди амир дар муассисаҳои марказӣ-ҳокимият ба қӯшбегӣ тааллуқ дошт. Ин шахси баландмақоми маъмурӣ буда, ҳангоми набудани амир тамоми мамлакатро идора мекард. Дар ихтиёри ӯ 125 нафар амалдорон буданд. Ба қӯшбегӣ Миршаб (полисмейстер) итоат мекард.

Миршаб — дар идораи маъмурии аморат мақоми баланд дошта, тамоми  кори полис ба дӯши ин мақомот буд. Миршаб, яъне мири шаб — ҳокими шаб буда, миршаби  пойтахт — сардори полиси қаламрави аморат маҳсуб меёфт.

Вазифаҳои асосии миршаб чунин буданд: мубориза бо дуздон ва авбошон; таъмин намудани оромии пойтахт; мубориза бо набаҳрасозон — шахсоне, ки пули қалбакӣ сохта, ба муомилот мебароварданд.

Дар ихтиёри миршаб 70 нафар посбон баҳри нигаҳбонии шаҳр ва анборҳо фаъолият мебурданд. Миршаб дар Бухоро бевосита аз тарафи амир таъин ва аз вазифа сабукдӯш карда мешуд.

Аз рӯйи фаъолияти миршаб ва зердастони ӯ шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Бухоро ба  қисмҳои алоҳида тақсим шуда, онҳо саҳмҳо (аз забони арабӣ буда, маъноаш — қисм) ном доштанд. Ҳар як саҳм дар навбати худ ба ҷарибҳо (калимаи арабӣ буда, он ҳудудеро ифода мекард, ки тахминан ба 10 ҳазор метри мураббаъ баробар буд) тақсим мешуд.

Сарвари ҷарибҳоро «бобо» ном мебурданд. Ҳар ҷариб ба «даҳбошӣ» итоат мекард. Дар зери итоати даҳбошӣ якчанд полис низ буданд, ки онҳоро «шабгард» меномиданд.

Шабгардҳо — вазифаҳои назорати шабонгоҳии шаҳр, боздошти ашхоси шубҳанок ва оворагардро ба ҷо оварда, ба нафароне, ки бехатариашонро таъмин кардан зарур ояд, мадад мерасонданд. Шабгардҳо ҳангоми шаҳрро давр задан нақораи калонро мезаданд, ин маънои онро дошт, ки мардум бояд ба манзилашон баргарданд.

Полисҳо танҳо шабона, вақте ки бозор ва дарвозаҳои шаҳр маҳкам мешуданд, ба фаъолият шурӯъ мекарданд. Баъди фарорасии торикӣ ҳар касе дар кӯча бошад, новобаста ба мавқеъ ва унвонаш миршабҳо ба миршабхона меоварданд ва то субҳ онҳоро нигоҳ дошта, баробари дамидани субҳ оташдонҳои ҳаммомро тоза карда, сипас иҷозат медоданд, ки ба манзилашон баргарданд.

Шабона ду тоифа одамон — табибон ва момодояҳо, ки миршабҳо аксарияташонро мешинохтанд, ҳуқуқи дар шаҳр аз рӯйи фаъолияташон иҷозати гаштугузор карданро доштанд. Ҳамин тавр, дар Аморати Бухоро то ибтидои асри XX мақомоти полисро — миршаб ва шабгардҳо меномиданд.

Мақомоти полис дар ноҳия­ҳои ҳозираи Тоҷикистони шимолӣ, ки баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон дохил мешуданд, аз соли 1867 мунтазам ба тартиби кори таъмини тартиботи ҷамъиятии Русия, мубориза бар зидди шаклҳои   ҳуқуқ­вайронкунӣ гузаштанд. Ин услуби кор то охири соли 1917 идома ёфт.

Хизмати полисӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ дар асоси ҳуҷҷати муҳими «Низомнома дар бораи идоракунии кишвари Туркистон», ки 12 июни соли 1886 қабул шуда,  санадҳои дигари ҳуқуқӣ, ки аз тарафи Департаменти полиси ВКД-и Русия нашр гардидаанд, амалӣ мешуд.

Дар фаъолияти полиси тоинқилобии Тоҷикистони шимолӣ шаклҳои самаранок ва пешқадами фаъолият мушоҳида мешуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан, мақомоти вазифаи полисро иҷрокунанда аз замонҳои қадимтарин ва қадим, асрҳои миёнаву давраи нав вуҷуд доштаанд, вале номҳои ин мақомот дигар буданд.

 

Ноябрь 2, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?