Баланд бардоштани даромадҳои аҳолӣ дар шароити таҳаввулоти иқтисодию молиявии ҷаҳони муосир

Ноябрь 29, 2016 16:20

Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муаммоҳои баланд бардоштани даромадҳои аҳолӣ дар Ҷумҳурии Точикистон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Баҳриддин Қодирзода, ректори донишкадаи мазкур зикр намуд, ки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат солҳои охир ба майдони воқеии баҳсҳои илмӣ перомуни мушкилоти пешрафтаи иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи сиёсати давлату ҳукумати мамлакат дар мавриди роҳандозии чораҳои марбут ба механизми самараноки равандҳои баландбардории сатҳи сифати зиндагонии аҳолӣ табдил ёфтааст.
«Конфронси мазкур идомаи мантиқии барномаҳои илмии қаблан доиргардида буда, маҳз ба масъалаи баланд бардоштани даромадҳои аҳолӣ дар шароити таҳаввулоти иқтисодию молиявии ҷомеаи ҷаҳони муосир бахшида мешавад»,- илова намуд Баҳриддин Қодирзода.

Ноябрь 29, 2016 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад