«Барқи Тоҷик» овозаи маҳдуд кардани неруи барқ дар Душанберо қатъиян рад намуд
Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» овозаро дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти неруи барқ дар шаҳри Душанбе қатъиян рад намуд.
Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.
Ёдовар мешавем, ки 27 ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омад. Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд.
Маҳмадумар Асозода, муовини якуми Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик сабаби пайдоиши нуқсони номбурдаро ба серборӣ дучор шудани хатҳои интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани неруи барқ аз тарафи истеъмолбарандагон вобаста донист.
«Гурӯҳҳои махсуси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва шабакаҳои барқии Марказӣ дар муддати кӯтоҳ нуқсони баамаломадаро бартараф намуда, интиқоли барқро барқарор намуданд»,-афзуд Маҳмадумар Асозода.
Ширкати «Барқи Тоҷик» аз муштариён барои ин нороҳатӣ маъзарат мепурсад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






