Барномаи оммавӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО
Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО, ки ҳамасола 1 декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одами Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре ки Сайфиддин Каримов, директори Маркази мазкур иброз дошт, барномаи имрӯза ба «Ҳафтаи пешгирии сирояти ВНМО» бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки чунин барномаҳо дар тамоми марказҳои мубориза бар зидди ВНМО-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. Дар ин рӯз ба ҳама хоҳишмандон ташхиси ихтиёрӣ ва ройгон расонида мешавад. Ҳангоми аз ташхис гузаштан ҳамчунин шахсон метавонанд нисбат ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин сироят маълумот гиранд.
«Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аммо баҳри расидан ба барҳамдиҳии ин сироят то соли 2030 корҳои зиёдро амалӣ намудан зарур аст. Сирояти ВНМО имрўз дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. То 1 октябри соли 2016 дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ 6621 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба қайд гирифта шудаанд»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
«Амалисозии чорабиниҳо бар зидди ин сироят ба он равона гардидааст, ки дар давоми 10-15 соли оянда пеши роҳи ин сирояти марговар гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки одамон ҳар чи бештар дар бораи ин сироят маълумот дошта бошанд, аз ташхиси фаврӣ гузаранд, шумораи ҳар чи зиёдтари сироятёфтагон табобати зиддиретровирусӣ гиранд ва дар нафарони сироятёфта пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида расад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем пеши роҳи паҳншавии ин сироятро гирем»,-гуфт С. Каримов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






