Беназир Бҳутто-яке аз занони шуҷои Шарқ, ки то охирин лаҳзаи умраш алайҳи таассуби динӣ, ифротгароӣ ва терроризм мубориза бурдааст
Агар мехоҳед андозаи тамаддуну пешрафти миллатеро бидонед, ба занони он миллат таваҷҷуҳ кунед.
Б. Наполеон
Душанбе, 16.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Расо 28 сол қабл аз ин, соли 1988, маҳз дар ҳамин рӯз – 16 ноябр Ҳизби халқии Покистон, ки рӯҳия ва аҳдофи демократӣ ва пешқадам дошт, дар натиҷаи интихоботи озод ба сари ҳокимият омад ва сарвари ин ҳизб Беназир Бҳутто ба маснади сарвазирии ин кишвар нишаст. Ва, мутаассифона, пас аз 19 сол, аниқтараш 27 декабри соли 2007 аз ҷониби террористони «Ал-Қоида» ба қатл расид…
Моҳи апрели соли 1986, вақте ки ӯ аз майдони ҳавоӣ ба маркази Лоҳур меомад, зиёда аз се миллион мардум шодбошаш мегуфтанд, ки ин далели муҳаббати беандозаи мардум нисбат ба як сиёсатмадори камназир буд. Тасхири ин теъдоди қалбҳо аз он шаҳодат медод, ки Беназир Бҳутто на танҳо сиёсатмадор буд, балки чун пешвои комили мардуми Покистон мавқеи сазовореро касб намудааст.
Беназир Бҳутто дар арсаи сиёсат бо симои хоси зани Шарқ қадам гузошта, дар таърихи ҷаҳони ислом аввалин хонуме буд, ки ба мақоми нахуствазирӣ расидааст. Ӯ ду давраи пуртаниши нахуствазириро дар Покистон пушти сар гузоштааст. Муддате дар зиндон ва муддате дар табъид ҳам буд.
Яке ӯро бо номи «Бонуи оҳанини Шарқ», дигаре «Садбарги сиёҳ», саввумӣ «Духтари Шарқ» ном мебурданд. Боқимонда ба умқи исми ӯ такя карда, бо муҳаббат «Беназир»-аш мехонданд. Дар китоби рекордҳои Гиннес ӯ унвони «Сиёсатмадори маҳбубтарин»-ро дар соли 1995 ноил шудааст. Ба андешаи коршиносони сиёсӣ, Беназир зани мустақилу сиёсатмадор буд ва бо ғаризаи сиёсии нозуки худ тавоноии рӯҳи эътимод ба нафс дошт.
Таҳлилгари сиёсӣ Ҳасан Аскарии Разавӣ дар бораи ин зани шуҷоъ чунин изҳори назар кардааст: «Бҳутто як неруи қавии ҷозиба дар ҳизби худ ва берун аз он дошт. Мухолифони ӯ низ ин воқеиятро пазируфта буданд. Беназир Бҳутто Покистонро дар арсаи байналмилалӣ таборуз дод».
Худи ӯ дар муқаддимаи китобаш бо номи «Духтари Шарқ» навиштааст: «Ман ин зиндагиро интихоб накардаам, балки ин зиндагист, ки маро интихоб кардааст. Дар кишвари Покистон ба дунё омадам ва зиндагиам ҳолоти мухталиферо дар бар мегирад: аз нооромиҳо, номулоимот ва лаҳазоти ғамангез ва дар айни ҳол пирӯзиҳову авқоти хуш».
Тарҷумаи ҳол: Беназир Бҳутто 21 июни соли 1953 дар Карочӣ дар оилаи саршиноси сиёсӣ, вазири собиқи Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто ба дунё омадааст. Падару модари Беназир аз зиёиёни кишвар буданд ва дар тарбияву таълими нахустфарзанди худ макотиби беҳтарини замонро интихоб намудаанд. Аз ҷумла, Беназир дар мактабҳои католикии Қарочӣ таҳсил намуда, улуми исломро аз падар омӯхта, дигар илмҳои замонаро низ дар беҳтарин макотиби ҳамон вақт фаро гирифта буд. Донишҳои илмии ин олиҳаи сиёсатро баъдан осори классикон, ки дар риштаи сиёсат таълиф шуда буданд, тақвият медоданд. Маълумоти олиро дар коллеҷи Рэдклифи донишгоҳи Гарвард (ИМА) ва коллеҷи Маргарети Оксфорд (Англия) гирифта, дар зимн нозукиҳои улуми сиёсат, фалсафа ва иқтисодиётро бо баҳои аъло фаро гирифтааст.
Падари Беназир Зулфиқор Алӣ Бҳутто сиёсатмадори барҷастаи кишвари Покистон буд. Дар солҳои 1971-1977с. ҳамчун президент, баъдан ҳамчун нахуствазири Покистон фаъолият кардааст.
Соли 1977 раҳбари ситоди генералии Покистон Муҳаммад Зиёулҳақ табаддулоти давлатӣ ташкил намуда, ҳокимиятро ба даст гирифт, нахуствазир Зулфиқор Алӣ Бҳутто ва духтараш Беназирро ба зиндон кашид. Беназир муддате дар зиндон дар шароити ниҳоят вахиме ба сар бурдааст. Зулфиқор Алӣ баъди ду соли зиндон бо дастури Зиёулҳақ ва ба ҳукми олии додгоҳи Покистон ба дор кашида шуд. Аҳли оилаи Бҳутто солҳи 1984-1986 дар муҳоҷирати сиёсӣ дар Лондон қарор доштанд.
Худи ӯ дар бораи падараш гуфтааст: «Падарам мусулмони боимон буд. Вақте ки дар синни 12-солагӣ модарам ба сарам чодар андохт, падарам гуфт: «Бигузор вақте бузург шавад, худаш интихоб намояд, ки рӯяшро бипӯшонад ё на, ислом ба занҳо ҳаққи онро додааст, ки ҳаёти худро аз рӯи дидашон муайян намоянд». Баъди ин ҳарфҳои падарам ман дигар чодар ба сар накардам…».
Зулфиқор Алӣ иҷозат медод, ки фарзандонаш дар ҷаласот ва боздидҳои сиёсӣ ширкат варзанд. Аз ҷумла, Беназир дар овони ҷавонӣ бо иддаи зиёди сиёсатмадорони давр вохӯрда, барои фаъолияти сиёсии баъдинааш аз онҳо сабақ бардоштааст, ки яке аз онҳо Индира Гандӣ буд. Дидору гуфтугӯро бо ӯ Беназири ҷавон пурарзиш баҳо додааст.
Модараш Нусрат Бҳутто аз курдҳои Исфаҳони Эрон буд, ҳанӯз дар соли 1947 ба Қарочии Покистон муҳоҷират карда, дар соли 1949 бо ҳамсари ояндааш Зулфиқор Алӣ Бҳутто ошно ва ду сол баъд издивоҷ намудаст. Ӯ баъди чанд сол пас аз эъдоми шавҳараш дар соли 1979 дар даврони зимомдории генерал Зиёулҳақ ҳидояти ҳизби мардумро бар уҳда гирифт, ки баъдан роҳбарии онро Беназир идома дод.
Оилаи Беназир Бҳутто. Баъди ба қатл расидани падар, солҳои зиндонӣ ва табъидҳо Беназир тасмим гирифта буд, ки ҳаёти худро танҳо ба сиёсат ва ободии кишвар мебахшад. Орзуи хушбахтӣ, ишқу муҳаббат ва дигар рӯъёҳои шахсиро фаромӯш карда буд. Тавре ки дар ин бора гуфта буд: «Ҳаргиз интизори хушбахтӣ, ошиқ шудан, издивоҷ кардан ва бачадор шуданро надоштам. Ҳамчун маликаи Англия Елизаветаи I, ки ҳаёташро ба ободии кишвараш бахшида, ҳамчунон муҷаррад монд ва замони ҳукмрониашро «асри тиллоӣ» меноманд, ман низ ҳатто фикри издивоҷ карданро намекардам. Аммо қисмат чунин будааст, ки зиндагии шахсии ман ба гунаи дигар рақам бихӯрад…» Соли 1987 дар Қарочӣ Беназир Бҳутто бо писари сарватманде бо номи Осиф Алӣ Зардорӣ издивоҷ намуд. Зардорӣ марди оқилу ҳушманд ва дорои андешаҳои пешқадам буд. Тасмиму ақидаҳои онҳо аз бисёр ҷиҳат ҳамоҳангӣ мекард. Беназир аз интихоби ҳамсар болидарӯҳу шод буд ва ӯро то охири умр ҳамдаму такягоҳи хеш медонист. Чунончи дар ёддоштҳояш дар ин бора нигошта буд: «Алорағми рӯёрӯӣ бо шароити бисёр сахт ман тавонистам издивоҷи бисёр муваффақе дошта бошам. Бо хушнудӣ эълом менамоям, ки ҳамсарам нуздаҳ соли гузашта бо шуҷоату вафодории комил нисбат ба ман дар канорам будааст. Тайи ин солҳо зиндагии ниҳоят хуше доштаем».
Ҳосил аз ин пайванди сазовор се фарзанд гардид – писарашон Биловал ва духтарҳояшон бо номҳои Бахтовар ва Осифа.
Беназир Бҳутто – «Бонуи оҳанини Шарқ». Беназир Бҳутто бинобар доштани иродаи қавӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва шуҷоати беандозааш тахаллуси «бонуи оҳанини Шарқ»-ро гирифта буд ва аз ин фахр мекард, зеро фаъолияти яке аз симоҳои барҷастаи сиёсии ҷаҳон Маргарет Тэтчер- роҳбари собиқи Британияи Кабирро, ки ҷаҳониён ба ӯ «Бонуи оҳанин» ном ниҳода буданд, чун намунаи фаъолиятҳои сиёсии хеш мешуморид. Таслимнопазирӣ, устуворӣ ва иродтмандӣ аз сифатҳои аслии М. Тэтчер буд.
Беназир симои хоси шарқиёна дошт, ки ба худаш басо зебандаву ҷолиб буд. Гарчанде дар Аврупо таҳсил карда бошад ҳам, ӯ аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллату кишвараш бегона, чун домани кӯтоҳ ва куртаҳои нимаурён худдорӣ карда, маъмулан пероҳани дарози ранга, рӯсарии ҳарири сафедрангро меписандид. Рӯсарии сафедаш нишоне аз халлоқияти ӯ буд, ки ботини поку иродаи матинашро нишон медод. Бо вуҷуди доштани хислати мардонаву иродаи матин ва пешаи диловарона Беназир дар интихоби зару зевар низ маҳорати беандоза дошт. Тамоми сарвати ҳунармандон, ки ифодагари нишонаҳои миллӣ ва осори таърихии Покистон буданд, тану сурати Беназирро зинат медоданд. Чӣ басо занҳое буданду ҳастанд, ки дар либоспӯшӣ мекӯшанд нишонае аз тарҳи либоси Беназирро дошта бошанд.
Ҳарчанд Беназир дар як оилаи саршиноси сиёсӣ ба камол расида бошад ҳам, танҳо ба донишу маҳорати худ такя мекард ва аз ҳама гуна кибру ғурур ва такаббури беҷо ҳазар дошт. Инсоне буд заминӣ, бо донишу заковати фавқулода, пайваста ҷӯёи дурустиву ростии зиндагӣ. Замони таҳсил дар Амрико Беназир мавқеи хонаводагии ашрофии худро пинҳон нигоҳ медошт, барои муаррифиаш ба қувваи зеҳнӣ ва амали неки худ такя мекард ва ҳатто ҳамсабақонаш намедонистанд, ки ӯ фарзанди нахуствазири як кишвар аст. Худи ӯ дар ин бора гуфтааст: «Амрикоиҳо хонадони Бҳутторо намешинохтанд ва ман аз ин ки барои аввалин бор дар зиндагиам ношинос монда будам, лаззат мебурдам».
Ҳамчун зани таҳсилкардаи мусулмон мехост қолабҳои дар Шарқ маъмули муносибат нисбат ба зани мусулмонро шикаста, мавқеъ ва ҳуқуқи занонро боло бардорад. Беназир мутмаин буд, ки заҳматҳояш дар ин ҷода барабас нахоҳанд рафт ва ҳатман ҳадафҳояш боровар хоҳанд шуд. Ин матлабро чандин маротиба дар мусоҳибаҳо ва китобҳояш такрор кардааст: «Бо талошҳоям собит кардам, ки зани мусулмон метавонад ба унвони нахуствазир интихоб шавад ва зимни ҳукумат ба ин кишвар андак-андак қалбҳои марду зани Покистонро низ тасхир кунад».
Бҳутто ва сиёсат. Беназир Бҳутто дар соли 1988 аввалин бор барои ишғоли мақоми нахуствазирӣ савганд ёд карда буд. Бори дуввум дар соли 1993 дар интихобот пирӯз шуд ва то соли 1996 дар курсии нахуствазирӣ раёсати давлати Покистонро бар уҳда дошт. Ӯ хуб медонист, ки роҳи мушкилеро интихоб кардааст ва аз вуҷуди душманони зиёде дар гирду атрофи хеш низ бохабар буд, вале ин интихоби ӯ қотеонаву содиқона буд, зеро ба қувваи мардонаи худ бовар дошт. Чунон ки дар ин бора гуфтааст: «Сиёсатпеша будан роҳи сангинест ва заноне, ки ин роҳи барои худ ғайриодиро интихоб мекунанд, бояд хоҳ-нохоҳ аз қоидаҳои мардона истифода баранд».
Фаъолияти Беназир дар даврони нахуствазириаш дар таърихи давлатдории Покистон куллан корҳои назаррасро дар бар мегирифт. Ӯ дар роҳи озодиҳои демократӣ ислоҳот ворид намуда, cоҳаҳои маориф ва тандурустиро ройгон эълон кард, дар натиҷа сатҳи саводнокӣ дар ин кишвар ба маротиб рӯ ба афзоиш ниҳод. Кӯдакон ба тибби ройгон дастрасӣ пайдо намуданд, ӯ аз ҷумла дар мубориза бар зидди полиомиелит муваффақ шуд. Ҳамчунин тайи ин солҳо хатҳои барқу обро ба маҳалҳои дурдасти кишвараш кашид. Мубориза бо фақру гуруснагӣ, таъсиси ҷойҳои кор барои занон ва ҳимояи ҳуқуқи башар аз шохаҳои фаъолияти чашмраси ӯ ба шумор мерафтанд. Чун зани равшанфикр ба занҳои кишвараш озодии мутлақ фароҳам овард. Баъдан барои занон пӯшидани ҳиҷоб ихтиёрӣ эълон шуда, маҳдудиятҳои ба кор қабул кардани онҳо низ аз байн рафтанд. Дар ҷомеаи Покистон ин иқдоми неке буд баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои занҳо.
Тибқи назари коршиносон ҳатто сипаҳсолори давр Аҳмадшоҳи Масъуд баъди хуруҷи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ва роҳ ёфтани толибон ба ин кишвар итминон дошт, ки бо кумаки ин зани порсо шароити хотима додан ба ҷанги Афғонистон фароҳам хоҳад омад. Чун дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд: «Дар рӯзҳои наздик Беназир Бҳутто – раҳбари ҳизби мардумии Покистон ба садорат мерасад ва азбаски ӯ бо ҷамоати уламои Покистон равобити хуб дорад, умедвор ҳастам, ки дар поён додан ба ин ҷанг дар Афғонистон ба натиҷаи хуб бирасем». Аммо, мутаассифона ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Бархе аз таҳлилгарон гуфтаанд, ки гӯё Беназир дар симои толибон гурӯҳеро медид, ки қодир аст суботу амниятро дар Афғонистон ба армуғон биёрад ва роҳи Покистонро барои дастрасӣ ба бозорҳои Осиёи Марказӣ созгор созад, вале баъдан ӯ дарк намуд, ки ин гурӯҳи террористӣ ба ғайр аз нооромиву тахрибкорӣ «армуғон»-и дигаре нахоҳад дошт. Бинобар ин қабл аз суиқасд ба ҷонаш мухолифати худро нисбат ба ин гурӯҳ ва амалиёти террористии онҳо эълом карда буд. Дар ин замина фикри коршиноси дигари афғон чунин аст: «Беназир ба ҳеҷ ваҷҳ андешаи муштарак бо толибон надошт, ё бояд ин тарҳро мепазируфт ва ё ҳам аз қудрат канор мерафт, зеро дар ғайри он ё вайро аз қудрат барканор мекарданд ва ё ҳам ба сарнавишти бадтаре мубтало месохтанд».
Тавре ки Беназир дар ёддоштҳояш зикр намудааст, бо назардошти ҷодаи махуфи интихобнамудааш, ҳар лаҳзае хатари аз пушт ханҷар заданро эҳсос мекард. Вале тасмими гирифтаашро иваз кардан намехост.
Беназир Бҳутто – «Садбарги сиёҳ». Садбарги сиёҳ дар байни дигар гулҳои ҷаҳон нодиртарин ва зеботарин, ҳамчунин гаронтарин гул ба ҳисоб меравад. Ин гул дорои зоҳири бисёр аҷиб аст ва ранги комилан мушкӣ дорад. Тибқи баъзе маълумотҳо, маҳз ҳамоҳангии ҳусни фавқулодаи Беназир бо иродаи қавии ӯ боиси мулаққаб шуданаш ба «Садбарги сиёҳ» гардидааст. Аз сӯи дигар яке аз маъниҳои мафҳуми «беназир» низ «бемисл» ва «нодир» аст. Мардуми Покистон дар симои «Садбарги сиёҳ» муборизеро алайҳи терроризм шинохтанд, ки Усома бинни Лоданро душмани ашадии хеш ва монеаи пешравии кишвари Покистон эълон карда буд. Дар робита бо ин, маҷаллаи бонувон «Супер стил» навишта буд, ки Усома бинни Лодан барои сари «Садбарги сиёҳ» 10 млн. доллар ваъда карда буд. «Террористҳо таҳти пӯшиш ва бо номи ислом суботу оромиши ин кишварро хадшадор карданд», — таъкид карда буд Беназир. Ин зани шуҷоъ ваъда дода буд, ки исломгароёни радикалро пурра маҳв ва ҷомеаро аз шарри онҳо пок хоҳад кард. Бинобар ин ҳам террористон Беназирро ҳадафи доимии худ қарор дода буданд.
Охирин бозгашти Бҳутто ба Покистон. Баъд аз 8 соли табъид, ки дар Англия ва Дубай гузаронида буд, Беназир ба ватани худ баргашт, вале аз аввалин лаҳазоте, ки ба Карочӣ ворид шуд, дучори ҳамлаи террористон гардид. Душманони ӯ пайваста пайи шикори ин зани шуҷоъ буданд. Дар ин ҳамла Баназир, хушбахтона, ҷон ба саломат бурд, вале эҳсоси хатар ҳаргиз аз вуҷуди ӯ дур намешуд. Ӯ хуб медонист, ки душманонаш пайваста дар кашидани тарҳҳои нави нобуд кардани ӯянд, вале ба иродаву иқтидори худ боварӣ дошт.
Мутаассифона, 27 декабри соли 2007 Беназир Бҳутто бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар маҳалле, ки ба фаъолияти интихоботии парлумонӣ машғул буд, ба қатл расид. Дар ин ҳамла зиёда аз 20 нафар аз аъзои ҳизби ӯ низ ҳалок шуданд. Ӯ дар ёди ҷаҳониён ҳамчун зани сиёсатмадори дорои услуби хосса, ҳушманд, мустақил ва маликаи Шарқ нақш бастааст.
Ҳаводорони ӯ то ҳанӯз ба ёдаш ашк мерезанду дар мазораш гулҳои тару тоза мегузоранд. «Садбарги сиёҳ», ки орзу дошт ватани азизашро ба гулистон табдил диҳад, бо дасти ноҷавонмардоне террор шуд ва ҷони худро дар роҳи эҳё ва бақои демократияи кишвараш фидо кард. Ин суиқасд ҷомеаро такон дод. Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Афғонистон, Бангладеш, Италия ва дигар кишварҳо ин қазияро фоҷеаи давр шуморида, ба халқи Покистон ҳамдардии худро иброз доштанд:
Покистон
Дар ҷаласаи изтирорие, ки ба ин муносибат дар сатҳи роҳбарияти давлати Покистон доир гардид, Президенти Покистон Парвиз Мушарраф куштори Беназир Бҳутторо қотеона маҳкум намуда, изҳор дошт: «Ин хушунати бераҳмона аз ҷониби террористоне анҷом ёфтааст, ки мо алайҳи онҳо мубориза мебарем. Хатаре, ки Покистон ва мардуми онро таҳдид мекунад, маҳз аз ҷониби ҳамин қувва сар мезанад». Ӯ ҳамватанонашро ба сабру таҳаммул ва муттаҳидӣ дар муборизаи беамон алайҳи терроризм ва зуҳуроти он даъват карда, бинобар марги фоҷиавии Бҳутто дар кишвар мотами серӯза эълон намуд.
ИМА
Ҷорҷ Буш Президенти ИМА ҳангоми баромад дар назди рӯзноманигорон ин суиқасдро «куштори палидона» хонда, аз мардуми Покистон даъват намуд, ки раванди демократияро дар ин кишвар густариш диҳанд: «Иёлоти Муттаҳида ин куштори разилонаи террористони хунхорро, ки саъй доранд демократияи Покистонро нобуд созанд, қотеона маҳкум мекунад». Ӯ изҳор дошт, ки қотилон бояд дар назди додгоҳ ҷавоб гӯянд. «Беназир Бҳутто бо нахуствазирии дукарата ба кишвари худ хизматҳои шоёне кардааст. Вақте ки ӯ дубора ба Покистон баргашт, хуб медонист, ки ҳаёташ дар хатар аст, вале ба душманони худ иҷозат надод, ки монеи роҳи пешгирифтаи кишвараш бошанд», қайд намуд ӯ.
Русия
Владимир Путин Президенти Русия ба Президенти кишвари Покистон Парвиз Мушарраф бинобар ин ҳодисаи мудҳиш, номаи тасаллият ирсол намуда, таъзия ва ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон ва мардуми Покистон изҳор намуд. Дар нома қайд шуда буд, ки суиқасд бар ҷони Беназир Бҳутто «ин ҳушдори шадиде аз ҷониби қувваҳои терроризм аст, ки на танҳо ба Покистон, балки ба тамоми ҷомеаи байналмилалӣ тааллуқ дорад». Президенти Русия изҳори умед намуд, ки созмондиҳандагони ин ҳамлаи интиҳорӣ ҳатман ҷазои сазовори худро хоҳанд гирифт.
Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Покистон Парвиз Мушарраф бинобар ҳалокати нахуствазири собиқи кишвар Беназир Бҳутто барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омада буд: «Бо андуҳи бузург ва даҳшат хабари дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидани сиёсатмадори барҷастаи Покистон, сарвазири собиқ хонум Беназир Бҳутторо дарёфт намудам.
Ин амалиёти ваҳшиёна бори дигар собит месозад, ки терроризм ягон мансубияти хоси милливу мазҳабӣ надошта, як падидаи нанговари глобалиест, ки муттаҳид сохтани кӯшишу талошҳои ҳамаи башариятро тақозо дорад. Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша ҷонибдори муборизаи беамон бо ин зуҳуроти нанговар буд ва ҳаст.
Хонум Бҳутто дар мисоли рушди равобити Тоҷикистону Покистон хизматҳои бузург дошт ва ҳамеша барои тавсеа ва таҳкими онҳо талош меварзид».
Беназир Бҳутто ҳамчун зани муъмину мусулмон дорои эҳтироми беандоза нисбат ба фарҳанги миллии Покистон буд ва тамоми фаъолияти хешро барои беҳбудии кишвараш равона кард. Ӯ дар баробари як модари муҳтарама аз хонаводаи бузург, ҳамзамон сиёсатмадори асил буд, ки дар муқобили мухолифон ҳеҷ тараҳҳуме надошт. Силоҳи аслии ин зани ҷасур ҳунари суханвариаш буд ва майдони ҷанги ӯ нишастҳои матбуотӣ, ҳамоишҳо ва муколамаҳои сиёсӣ буданд, дар ин арсаҳо вай бо суханони қотеонааш дар қалби хасми хеш ваҳм меандохт: «Боҷуръатона эълом мекунам, ки ҳаргиз ҷои худамро бо зани дигаре дар ин дунё иваз нахоҳам кард. Ба унвони як зани покистонии мусулмон, ба мероси мазҳабӣ ва фарҳангии ин кишвар бар худ меболам. Нисбат ба Ислом – дини таҳаммулу шикебоӣ мутааҳҳид ва вафодор будаам ва аз ин ки шоҳиди бемеҳриҳое аз сӯи террористҳо нисбат ба ин дини арзишманд ҳастам, нигаронам». Бо таассуф иброз медошт, ки ӯ бахше аз маҷмӯест, ки толибон ва Алқоида низ худро ҷузъи ин кулл мешуморанд.
Марги Бҳутто се натиҷагириро дар пай дошт: якум, мардуми Покистон дарк намуданд, ки ифротгароӣ таҳдиде барои кишварашон аст, дуввум, онҳо ногузирии ҳимоя аз демократияро эътироф намуданд ва саввум, ҷаҳониён собит намуданд, ки ин террор кӯшише буд аз ҷониби ифротгароён барои саркӯб кардани ҳаёти маданӣ дар Покистон.
Бо марги Беназир Бҳутто орзуву ормонҳои ӯ аз байн нарафтанд, зеро Осаф Зардорӣ ҳамсари Беназир Бҳутто аз сӯи қонунгузории Покистон рӯзи 6 сентябри соли 2008 ба унвони раиси ҷумҳур интихоб шуд ва ба яке аз қудратмандтарин раҳбарони ин кишвар табдил ёфт. Имрӯз писари Беназир Бҳутто ҳузури худро расман дар саҳнаи сиёсат оғоз кардааст. Биловал Бҳутто Зардорӣ дабири кулли ҳизби мардум ба шумор меравад.
Беназир Бҳутто барои ояндагони худ китобҳои «Покистон: Тӯфони қарибулвуқӯъ», «Оштӣ: ислом, демократия ва Ғарб», «Беназир Бҳутто, духтари Шарқ» -ро ба ёдгор гузоштааст, ки дорои мазмуни сиёсӣ ва тарҷумаиҳолӣ мебошанд.
Маллола Юсуфзай духтари навҷавони покистонӣ – барандаи ҷоизаи Нобел дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки мехоҳад нахуствазир шавад ва кишварашро ба гулистон табдил диҳад. Ӯ ҳамчун пайраву ҳаводори Беназир қайд кардааст, ки дар ин кор аз Беназир Бҳутто илҳом гирифта, қасд дорад монанди вай ба мақоми нахуствазирии кишвараш бирасад.
А. Сарвар