Дар Балчувон Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон имкониятҳои ҷалби сайёҳонро ба мавзеи Сари Хосор баррасӣ намуд
Қӯрғонтеппа, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастгирӣ ва ҳавасманд намудани олимону муҳаққиқони ҷавон яке аз ҳадафҳои муҳими пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо ин мақсад дар доираи фаъолияти Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони назди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ҷаласаи Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилоят ва Конфронси сайёҳӣ дар мавзӯи «Истифодаи самараноки иқтидори сайёҳии вилоят. Имкониятҳои ҷалби сайёҳон ба мавзеи Сари Хосор» баргузор гардид.
Дар доираи конфронс ба масъалаои пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, андешидан ва амалӣ намудани чораҳо барои дастгирии олимону муҳақиқони ҷавон дар соҳаҳои гуногун, истифодаи самараноки неруи олимони ҷавон барои корҳои илмӣ дар самти сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин дар доираи конфронси мазкур олимони ҷавон аз муассисаҳои олии вилоят, намояндагони ширкатхои сайёҳии маҳаллӣ ва соҳибкороне, ки дар самти сайёҳӣ фаъолият менамоянд, иштирок карданд.









Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






