Дар Душанбе коршиносони байналмилалӣ масъалаи муҳофизати ҳайвоноти нодири Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Ноябрь 11, 2016 14:50

Душанбе, 11.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Истифодаи устувор ва муҳофизати ҳайвоноти ваҳшии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ доир гардид.
Зиёда аз 90 коршиноси байналмилалӣ ва мутахассисону олимони тоҷик таи ду рӯз масъалаҳои устуворона истифодабарӣ ва чораҳои муҳофизати ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз қабили бузи пармашох (Мархур) ва гӯсфанди помирӣ (Марко Поло)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 1300 сар бузи пармашох буда, гӯсфанди помирӣ (бо ҳисоботи соли 2009) то 24 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Бузи пармашох аз нодиртарин навъи буз дар ҷаҳон дониста мешавад, ки дар Осиёи Марказӣ танҳо дар ҳудуди Бадахшон ва Шӯрообод мавҷуд аст. Ин буз аз ҷонварҳои нодири «Китоби Сурх»-и чопи шӯравӣ буда, дар Тоҷикистон барои шикори он беш аз 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода, ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Абдуқодир Маскаев чунин иброз намуд: «Агар дар соли 1991 шумораи ҳайвони нодири гӯсфанди помирӣ 15 ҳазор сарро ташкил медод, соли 2009 шумораи он ба 24 ҳазор сар расид, ки ин як дастоварди истиқлолияти кишвари мо ба ҳисоб меравад».
Бино ба нақли роҳбари маркази миллӣ, гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Неъматулло Сафаров, аз ҳамоише, ки баргузор шуд, мамлакати мо дар самтҳои иқтисодиёт, муҳити зист ва иҷтимоиёт манфиати зиёд ба даст хоҳад овард. «Сарватҳое, ки мо дорем,-гуфт ӯ,- моликияти мо ҳам бошанд, вале манфиати ҷаҳонӣ доранд, зеро онҳо сарвати генетикӣ буда, аз насли инҳо тамоми ҷаҳон истифода бурда метавонад. Қариб 70 %-и зиндагии мардуми мо ба сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Бояд сарватҳои табиии бою ғании ватанамонро ҳифз намоем, зеро дар давраҳои мушкилтарини сиёсӣ ва иқтисодӣ онҳо мардумро аз хунукӣ, гуруснагӣ ва дигар хатарҳои нобудшавӣ эмин нигоҳ доштанд».
Чанд рӯз қабл аз ҳамоиш иштирокдорони хориҷии мизи мудаввар аз мавзеъҳое, ки барои шикор пешбинӣ шудаанд -«Саиди Тагноб» ва «М-Сайёд», ки дар ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддини Шоҳин ҷойгиранд, дидан карда, бо шароити нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳайвонҳои нодир аз қабили бузи пармашох (Мархур), бузи кӯҳӣ, гӯсфанди даштӣ, паланги барфӣ ва хирси бӯр шинос гардиданд.
Ин ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ташкил гардид.
Бояд зикр кард, ки соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи бобарор ва афзоиш додани ин намуди ҳайвонҳо аз ҷониби Шӯрои байналмилалӣ оид ба шикор ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ бо ҷоизаи бонуфузи «Бузи пармашох» (Мархур) сарфароз гардидааст.

Ноябрь 11, 2016 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад