Дар ноҳияи Темурмалик асарҳои Пешвои миллатро ба хонандагон муаррифӣ карданд
Темурмалик, 26.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар гимназияи давлатии ноҳияи Темурмалик муаррифии ду асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат- ҳастии миллат» доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони корхонаю ташкилот иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки асарҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маъхазҳои таърихӣ навишта шуда, аз пайдоишу ташаккули миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва фаъолияти фарзандони баруманди халқи тоҷик, ки дар давраҳои гуногун илмҳои ҷаҳониро ривоҷу равнақ бахшидаанд, нақл мекунанд.
Ҷалолиддин Сафарзод, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «асарҳои мазкур пурарзиш буда, ҳар як хонанда зимни хондани онҳо дар бораи таърихи мардуми тоҷик дар тӯли асрҳо огоҳӣ меёбад».
Иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод карданд, ки асарҳои «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат- ҳастии миллат» дар тамоми муассисаю ташкилот муаррифӣ гарданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






