Дастаи «Алқувва Алҷаввия» Ҷоми КФО-ро ба Ироқ бурд
Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд соли равон дар он иштирок доштанд, КФ «Алқувва Алҷаввия» (Air Force Sports Club)-и Ироқ дар бозии ниҳоӣ бар КФ «Бангалуру»-и Ҳиндустон бо натиҷаи 1:0 ғолиб омада, соҳиби Ҷом гардид. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи шаҳри Давҳаи Қатар багузор шуд.
Дастаи «Алқувва Алҷаввия»-и Ироқ дуюмин дастаи Ироқ аст, ки дар бозии ниҳоии ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ширкат варзида, ба гирифтани ин Ҷом сазовор шудааст. Аз ин пеш дастаи «Арбил» ду маротиба- солҳои 2012 ва 2014 дар бозии ниҳоии ин Ҷом ширкат кардааст. Дар вохӯрӣ бо дастаи «Бангалуру»-и Ҳиндустон футболбозони ироқӣ беҳтар ҳунарнамоӣ карданд ва ин имкон дод, ки бо як голи задаи Аҳмад Ҳамодӣ дар дақиқаи 70-ум «Алқувва Алҷаввия» ба ғалаба қодир шавад.
Дастаи «Алқувва Алҷаввия» аз гурӯҳ бо касби 15 имтиёз зинаи аввалро ишғол карда, дар бозиҳои минбаъда бар дастаҳои «Алваҳдот»-и Урдун бо ҳисоби 2:1, «Алҷайш»-и Сурия бо натиҷаи 5:1 дар ду бозӣ ва дар бозии нимниҳоӣ бар «Алаҳад»-и Лубнон аз ҷамъи ду вохӯрӣ бо ҳисоби 4 бар 3 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтааст.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Салмон бин Иброҳим Алхалифа Ҷомро ба дастаи Алқувва Алҷаввия тақдим кард.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






