Фаъолияти ҶСП «Мададгори Мастчоҳ» қатъ гардид

Ноябрь 10, 2016 09:28

Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби муфлисшавӣ ҶСП ТҚХ «Мададгори Мастчоҳ» аз фаъолият боз монд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2016 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» фаъолияти ҶСП ТҚХ «Мададгори Мастчоҳ» қатъ карда шуд.
Мутобиқи қарори зикршуда иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 4 феврали соли 2013, таҳти №9 барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида ба суд пешниҳод карда мешаванд.

Ноябрь 10, 2016 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад