Генерал-майор Саид Ҷурахонзода: «Ба чашми душманони миллату давлати тоҷик амну осоиштагӣ ва суботи ҷомеа мисли хор мерасид»

Ноябрь 8, 2016 15:59

said-churahonzoda3Душанбе, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, собиқ сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, собиқ сардори раёсати кадрҳои ВКД, собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майор Саид Ҷурахонзода баъд аз 45 соли фаъолияти босамар дар сафи мақомоти милитсияи тоҷик моҳи апрели соли 2015 ба нафақа баромада, ҳоло дар ҳалқаи пайвандону дӯстон ба таълиму тарбияи фарзандону насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва созандагӣ машғул аст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи иди касбии кормандони милитсияи тоҷик, ки 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, бо Саид Ҷурахонзода мусоҳиба анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Пас аз хатм намудани мактаби махсуси милитсия дар шаҳри Тошканд Шумо аз соли 1979 то оғози истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – соли 1991, дар ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ (собиқ ноҳияи Марказӣ) дар вазифаҳои масъул – аз ваколатдори фаврӣ сар карда то нозири минтақавӣ ва муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия фаъолият доштед. Аз он солҳо кадом хотираҳо дар ёдатон бештар нақш бастааст?

Саид Ҷурахонзода: Воқеан ҳам баъд аз адои хизмати аскарӣ соли 1975 ба мактаби махсуси милитсия, воқеъ дар шаҳри Тошканд дохил шуда, соли 1979 онро хатм кардам. Фаъолияти хизматии худро дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Марказӣ (ҳоло ноҳияи Фирдавсӣ) оғоз карда, то замони таъйин шуданам ба вазифаи муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  (ибтидои соли 1991) дар ҳамин шуъба кор кардам. Хотираҳои гуногун аз он давраи фаъолият боқӣ мондаанд. Бо гузашти рӯзгор на аз ҳамаи онҳо мехоҳам ёд кунам. Аммо ҳодисаву воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои 90-умро намешавад фаромӯш кард.

Мутаассифона, ҳамон солҳо бо таъсири омилҳои гуногун на ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавқеи хизматии худ содиқ монданд.

Ҳамин тавр дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ мақомоти милитсия ба вазъияти мураккаби сиёсӣ-ҷамъиятӣ рӯ ба рӯ шуд. Зиёда аз ин, кормандони мақомоти милитсия то солҳои 1995-1997 бевосита дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи мухолифин иштирок мекарданд.

Бояд бигӯям, ки ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳама давру замон мавҷуд буд ва боқӣ мемонад. Аммо мушкилоти хоссаи он солҳо ба дасти одамони гуногун афтодани силоҳи оташфишон, либоси ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ буд. Он ҷо, ки ҳарф ва зӯри силоҳ бошад, ҳатман дар он ҷо ҷиноятҳои вазнин, ба монанди куштор, ғоратгарӣ, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҷовуз ба номус содир мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари пайдо шудани шумораи зиёди силоҳи оташфишону маводи таркандаи ҷангӣ мушкилоти дигаре, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба он дучор омада будем, ин ба шаҳри Душанбе ворид шудани ҳазорон – ҳазор одамони бехонумон аз ноҳияҳои Вахшу Бохтар, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои атрофи пойтахт – Ҳисору Рӯдакӣ, Ваҳдат ва дигар минтақаҳои кишвар буд. Тамоми хобгоҳҳои омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, хобгоҳҳои коргарӣ, инчунин меҳмонхонаҳо, хусусан меҳмонхонаи «Душанбе» пур аз гурезаҳои иҷборӣ буданд. Бо зиёд шудани аҳолӣ на танҳо шумораи ҷиноятҳо, балки таркиби ҷиноятҳо, хусусан ҷиноятҳои ахлоқӣ даҳҳо маротиба зиёд шуданд.

said-dzhurahonov

АМИТ «Ховар»: Омодагии ҳайати шахсӣ, рӯҳияи онҳо, таъминоти моддӣ-техникӣ чӣ гуна буд? Воҳидҳои корӣ бо мутахассисон пурра шуда буданд?

Саид Ҷурахонзода: Бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба чандин мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омада буд. Кормандони милитсия дар баробари иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ, ҳамчунин тибқи рисолати аслии худ  барои таъмини амнияту осоштагии ҷомеа сафарбар шуда буданд. Кормандони милитсияро мебоист бо дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пайдо шуда буданд, муборизаи беамон баранд.

Дар пойтахт чунин гурӯҳҳои хуношом, ки мехостанд миёни сокинон тарсу ваҳшат ҷорӣ кунанд, асосан дар қисмати шарқии Душанбе ҷойгир шуда буданд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дар як саф бо кормандони дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, новобаста аз мушкилоти мавҷуда ба хотири осоиштагии имрӯзаи ҷомеа ҷонбозиҳо карда, ба муқобили ин дастаҳои ҷиноятпеша мубориза мебурданд. Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Душанбе ҳамагӣ то 70 нафар корманд фаъолият мекарданд, ки қисме аз онҳо ба корҳои техникиву ташкилӣ машғул буданд. Бо сабабҳои мушкилоти молиявӣ-иқтисодӣ кормандони милитсия маош намегирифтанд, аз ягон имтиёз бархурдор набуданд. Вале новобаста аз ин ҳама кормандони милитсия шарафу номуси худро нигоҳ дошта, ҳеҷ вақт пеши ҷинояткорон сар хам намекарданд. Ба ҳақ будани фаъолияти худ боварӣ ва эътимоди қавӣ доштанд.

Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот кормандони милитсия ба торумор шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз байн рафтан дастаҳои ҷиноятпеша, фаро расидани амнияту осоиштагӣ ягон лаҳза шубҳа надоштанд. Дарк мекардем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ ғолиб омада, амнияту осоиштагии сокинонро таъмин мекунанд, зеро бо чашми худ медидем, ки ҳар вақте корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо либоси милитсиягӣ дар кӯча пайдо мешуд, ҳатман дар он кӯча рафтуомади одамон фаъол мегашт, агар ба саҳни бозор корманди милитсия бо либосӣ расмӣ мерасид, дар он бозор хариду фурӯш авҷ мегирифт. Яъне сокинон ба кормандони милитсия бо чашми умед нигоҳ мекарданд. Ҳамин буд, ки дар решакан кардани ҷиноятҳо ва аз байн бурдани ҷинояткорон одамони касбу кори гуногун ҷони худро дар хатар монда, ба мақомоти корҳои дохилӣ кумаки беғаразона мерасонданд.

АМИТ «Ховар»: Кадом давраро метавон давраи пурра расидан ба осоштагии ҷомеа номид?

Саид Ҷурахонзода: Шартан фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар замони соҳибистиқлолии Ватан, ки 25-солагии онро имсол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари кишвар ҷашн гирифтем, метавон ба се давра ҷудо кард: солҳои 1992-1997, солҳои 1997-2002 ва солҳои то 2010. Агар дар давраи аввал кормандони милитсия ба хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ равона шуда бошанд, дар давраи дуюм барои аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ хизмат карданд.

Агарчӣ, солҳои минбаъда нисбатан орому осуда буданд, вале сари ҳар вақте дар ин ё он минтақаи мамлакат муқовиматҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша рӯ мезаданд. Воқеан ҳам ба чашми душманони миллату давлати тоҷик амну осоиштагӣ ва суботи ҷомеа мисли хор мерасид. Ин бадхоҳону душманон мисли ҳайвони захмхӯрда то ба охир кӯшиш мекарданд суботро аз байн баранд, фазои софи Тоҷикистонро бо бӯи тиру хун олуда созанд, ки намунаи ин гуна душманӣ ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта мебошад. Мутаассифона, дар ин набардҳо барои таъмини истиқлолият ва озодии Ватан садҳо ҷавонмардони ватандӯст ҷони худро аз даст доданд. Маҳз ҷоннисории ин фарзандони баномуси Ватан буд, ки ҳоло мақомоти милитсия дар пайвастагӣ ва яксафӣ бо халқи Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти ҷиддӣ барои ташаккулу рушди минбаъда қарор доранд.

АМИТ «Ховар»: Рафиқ генерал-майор, иди касбӣ бароятон муборак бошад!

Саид Ҷурахонзода: Ташаккур. Ман аз он ифтихор мекунам, ки меҳнату заҳмати кормандони милитсия дар солҳои аввали истиқлолият барабас нарафтанд. Имрӯз ҷавонони қавииродаву ҷасуру таҳамтан ба таври шоиставу арзанда кору пайкори мо, собиқадоронро идома медиҳанд. Ин беҳтарин туҳфаест, ки барои гирифтани он мо талоши зиёд кардаем.

 

А. Сангзода

Ноябрь 8, 2016 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад