Хатлон: Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хизмати кормандони мақомоти милисаи вилоятро қадрдонӣ кард
Қӯрғонтеппа, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик мачлиси ботантана доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки «саҳми кормандони мақомоти милиса дар нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, риояи конунҳои мамлакат басо калон буда вазифаҳои хизматии худро кормандони милиса бо сарбаландӣ иҷро мекунанд».
Д. Гулмаҳмадзода инчунин бо такя ба таърихи фаъолияти мақомот аз нафароне, ки дар нигоҳдории тинҷиву оромии мамлакат ва сулҳи пойдор ҷон супурдаанд, бо зикри хайр ёдовар шуд.
Дар фарҷом ба оилаҳои кормандони мақомоти милиса, ки зимни адои хизмат ҷон супоридаанд, мукофотхои пулӣ супорида шуданд. Ҳамзамон як гурӯҳ кормандони милиса барои хизмати намоён бо ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






