Ифтитоҳи Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар вазъияти тантанавӣ Комбинати металлургии тоҷикро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар майдони умумии 15 гектар замин бунёд шуда, барои корҳои сохтмониву васлкунӣ 250 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар рафти бунёди корхона низдики 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Мавриди зикр аст, ки 6 — уми декабри соли 2012 зимни як сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин корхона ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Зимни мулоқот бо сохтмончиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.
Фармоишгар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фароз» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТНК» мебошад.
Комбинати металлургии тоҷик аз 6 сехи истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи тайёрии истеҳсолот, рехтагарӣ, ҳаллоҷӣ, пойгоҳи азоти оксигенӣ, пойгоҳи насос ва зеристгоҳи 100 мегавата иборат аст.
Аз рӯйи нишондодҳои лоиҳавӣ корхона соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулоти маъданиро истеҳсол ва коркард мекунад. Солҳои оянда имкон аст, ки ин шумора то ба 200 ҳазор тонна расонда шавад.
Дар ин ҷо 7 намуди металлҳои сиёҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура, оҳани секунҷаю чоркунҷа, лулаҳои оҳании гуногуншакл, қубурҳои қутрашон гуногун ва дигар хулаҳои оҳанӣ истеҳсол мекунад. Дар корхонаи металлургӣ таҷҳизоти навтарин аз Федератсияи Русия ворид ва насб карда шудааст. Корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли арматураҳои қутрашон аз 12 то 27 милиметраро ба роҳ мемонад.
Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳои кони Шоҳқадамбулоқи вилояти Суғд ашёи хом ворид намуда, дар ҷойи кони мазкур корхонаи ғанигардонии маъдан бунёд кунанд.
Бо ифтитоҳи комбинати металлургӣ дар навбати аввал 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд, ки маоши миёнаи онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба роҳ мондани истеҳсоли дигар маҳсулоти оҳанӣ шумораи коргарону мутахассисон афзоиш ёфта, ба беш аз 1500 нафар мерасад.
Айни замон Комбинати металлургии тоҷик яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Корхонаи мазкур дар раванди саноатикунонии мамлакат, таъмини соҳаҳои хоҷагии халқ бо маҳсулоти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб мегузорад.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.



















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






