Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 3 нафарро наҷот доданд

Ноябрь 25, 2016 17:23

Душанбе, 25.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Се нафар аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот дода шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои кумита, мошини тамғаи «Opel Vectra» ба дарё афтида, дар натиҷаи амалиёти бобарори наҷотдиҳӣ кормандони кумита тавонистанд мусофирони мошинро наҷот диҳанд.
Хабар дода мешавад, ки сокини 27- солаи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи мошин набаромада, мошин ба дарё чаппа шудааст.
Кормандони дастаи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳии ситоди шаҳри Душанбе тавонистанд амалиётро фаврӣ ва ботартиб гузаронида, фавран ба ҷои ҳодиса омада, ронанда ва ду мусофирро наҷот диҳанд. Ба онҳо инчунин муяссар гашт, ки мошинро аз дарё берун бароранд.
Хотиррасон мекунем, ки кормандони КҲФ дар 9 моҳи соли равон 140 нафарро наҷот додаанд.

Ноябрь 25, 2016 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд