Муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар Украина
Душанбе, 19.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бо мақсади муаррифии ҷумҳурӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият ба масоили чоп ва паҳни маводи таблиғотӣ дар кишвари иқомат аҳамияти бештар медиҳад. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ як маҷаллаи рангаеро бо номи «Таджикистан» бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расонд. Нашрия бо такя ба маводу санадҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матолиби ҷолибро фаро гирифтааст, ки ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ширкатҳои давлативу тиҷоратии хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, энергетикӣ ва нақлиётии дорои аҳамияти минтақавӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Намояндагӣ ҳамчунин маҷаллаҳои рангаву мусавварро бо номҳои «Либосҳои миллии занони тоҷик», «Наврӯз дар Тоҷикистон» ва маҷаллаи донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Украина «Ватанпарвар»-ро низ омода ва нашр намудааст. Ҳамаи ин мавод ба хотири муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкории самарабахши фарҳангию башардӯстонаи мо бо кишварҳои олам, аз ҷумла бо Украина роҳандозӣ шудаанд.
Чанде пеш дар яке аз рӯзномаҳои оммавии Украина «Деловая столица» мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нашр гардид, ки дар он роҳбари намояндагии дипломатии кишвари мо оид ба рушду густариши бештари ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина изҳори назар намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






