Ню-Дели: «Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»

Ноябрь 15, 2016 17:17

Душанбе, 15.11.16. /АМИТ «Ховар»/. 25-умин ҷаласаи пленарии Гурӯҳи АвруОсиё (ГАО) дар мавзӯи «Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» дар шаҳри Ню-Делии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, мубориза бар зидди маблағгузории терроризмро баррасӣ намуданд.
«Масоили интихоби муовини раис, ҳисобот оид ба муқовимат ба маблағгузории тиҷорати маводи нашъаовар, ҷинояткорӣ ва терроризм, ба қайд гирифтани Созишномаи Гурӯҳи АвруОсиё дар Котиботи СММ, буҷети Гурӯҳи АвруОсиё, инчунин муроҷиати Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) дар хусуси ба ин ташкилот додани мақоми мушоҳидачӣ дар Гурӯҳи АвруОсиё мавриди муҳокима қарор гирифтанд»,-хабар медиҳад манбаъ.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода сухан гуфт.
Хотиррасон мекунем, ки дар кори ҷаласа инчунин намояндагони Кумитаи зиддитеррористии СММ, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин роҳбарон ва намояндагони воломақоми идораҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия ширкат доштанд.

Ноябрь 15, 2016 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд