Оғози фаъолияти меҳмонхонаи муҳташами “Усто Набот” дар шаҳри Ҳисор

Ноябрь 5, 2016 08:40

Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба фаъолияти меҳмонхонаи муҳташами “Усто Набот”, ки аз панҷ ошёна ва таваққуфгоҳ иборат аст, оғози расмӣ бахшиданд.

Ин иншоот аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Абдуҳаким Усмонов бунёд ёфта, дар он айни замон 35 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба қавли соҳибкор, теъдоди коргарон ба 50 нафар расонида хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2015 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расид.

Тавре маълум гардид, меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои 30 ҳуҷра буда, барои хизматрасонии 60 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Маблағи лоиҳавии меҳмонхона 10 миллион сомонӣ муайян шуда буд, вале бо сабаби анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ аз тарафи худи соҳибкор он нисбатан арзонтар бунёд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароитҳои хизматрасонии меҳмонхона ошноӣ пайдо намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва иқдоми соҳибкорро ибратбахш маънидод карданд.

Инчунин Меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои тарабхона бо 200 ҷои нишаст ва толори маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст мебошад.

Дар толори барҳавои тарабхонаи меҳмонхона, инчунин тӯйи суннатии 50 нафар ва хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон доир карда шуд.

Сарвари давлат ҳини табрикоти писарбачаҳо ва ҷуфтҳои ҷавони навхонадор, ташаббуси мазкурро амри башардӯстона арзёбӣ карда, ба соҳибҷашнҳо хушбахтӣ таманно намуданд.

30155549474_1e30be3e28_z

Ноябрь 5, 2016 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд