Ҷоми ҷаҳон -2018. Неймар — Месси 3:0

Ноябрь 11, 2016 10:40

Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон -2018 дирӯз дастаи мунтахаби Бразилия бар мунтахаби Аргентина дар варзишгоҳи «Минейра» -и Белу Оризонти бо натиҷаи 3:0 ғалаба кард. Муборизаи ду дастаи беҳтарини Амрикои ҷанубӣ бо хатоҳои пайдарпайи Месси ва КО ҷараён гирифт ва Неймар бо Коутиниё ва Паулиниё се маротиба дарвозабони финалисти Ҷоми ҷаҳони соли 2014- Ромероро маҷбур карданд, ки тӯбҳоро аз дарвозааш гирад.
Ба ҳамин тартиб, баъди баргаштани Леонел Месси дастаи мунтахаби Аргентина бозиашро дигар карда натавонист ва гумон аст, ки аз гурӯҳ роҳхатро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки дар Русия мегузаранд, ба даст орад.
Бразилия Аргентина 3:0 (2:0) Муаллифи голҳо:
Коутинйо, 24 (1:0). Неймар, 45+1 (2:0). Паулинйо, 59 (3:0).
Ҳайати дастаҳо::

Бразилия: Алисон, Дани Алвес, Миранда (Тяго Силва, 87), Маркинос, Марсело, Фернандиниё, Паулиниё, Ренато Аугусто, Коутиниё (Дуглас Коста, 84), Неймар, Габриэл Жезус (Фирмино, 80).

Аргентина: Ромеро, Сабалета, Отаменди, Фунес Мори, Мас, Маскерано, Перес (Агуэро, 46), Биля, Ди Мария (Корреа, 71), Месси, Игуаин.

Огоҳӣ гирифтанд: Фернандинйо, 5; Марсело, 48 — Мори, 55; Отаменди, 61; Биля, 84.

N  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1   БРАЗИЛИЯ 11 7 3 1 26-9 24
2   УРУГВАЙ 11 7 2 2 23-8 23
3   КОЛУМБИЯ 11 5 3 3 15-12 18
4   ЭКВАДОР 11 5 2 4 19-16 17
5   ЧИЛИ 11 5 2 4 18-16 17
6   АРГЕНТИНА 11 4 4 3 11-12 16
7   ПАРАГВАЙ 11 4 3 4 11-16 15
8   ПЕРУ 11 4 2 5 18-18 14
9   ВЕНЕСУЭЛА 11 1 2 8 14-26 5
10   БОЛИВИЯ 11 1 1 9 9-31 4
Ноябрь 11, 2016 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд