Ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» амали муҳими башардӯстона мебошад

Ноябрь 29, 2016 08:30

Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, ҳамоишу конфронсҳо ва саммитҳои сатҳи ҷаҳонӣ борҳо таваҷҷуҳи аҳли сайёраро барои истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ҷалб кардааст.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ дод, дирӯз дар пойтахти кишвари Маҷористон- шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар саммити мазкур Сарвари давлати тоҷикон аз нақш ва мақоми устувори Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуданд.
Зимнан, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурдааст. Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амали «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст.
Имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити оби Будапешт таъкид карданд, ки барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосир зарур буда, ҷонибдории пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» амали муҳими башардӯстона мебошад.
Бояд гуфт, ки он чорабиниҳои ҷаҳоние, ки дар солҳои гузашта бо ташаббуси Тоҷикистон амалӣ шуданд, дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва таъмини сулҳ саҳми шоёни худро гузоштанд.
Бинобар ҳамин ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда, ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.
Бо назардошти ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи иштирокдорони Саммити оби Будапештро барои таҳкими ҳамгироӣ дар роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об, пешгирии хавфи сар задани буҳронҳои обиву хатари тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об ҷалб намуданд.

 

Акрам Сангзода

Ноябрь 29, 2016 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид