Ҳотам Ҳакимов дар Фестивали байналмилалии гуруғлисароӣ дар Туркманистон беҳтарин гуруғлисаро дониста шуд. Дар пеш сафари Амрикост
Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гуруғлисарои шинохтаи тоҷик Ҳотам Ҳакимов дар фестивали байналмилалии гуруғлисароӣ дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Туркманистон иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Фестивали байналмилалии гуруғлисароӣ дар Туркманистон намояндагони 13 давлат иштирок доштанд. Ҳотам Ҳакимов бо ҳунари гуруғлисароии худ байни иштирокчиёни фестивал беҳтарин дониста шуд.
«Ҳотам Ҳакимов зодаи деҳаи Оби Ҳирфи ноҳияи Варзоб буда, 91 сол дорад. Шаст сол инҷониб ӯ гуруғлисароӣ намуда, шаш банд достони машҳури Гуруғлиро аз ёд кардааст. Барои пурра сароидани бандҳои кӯтоҳи достон чор соат ва бандҳои дигар то ҳафт соат вақт лозим аст. Ба гуфтаи Ҳотам Ҳакимов, баъзан дар чорабиниҳои мардумӣ оғози шаб ба гурӯғлихонӣ шурӯъ намуда, субҳ ба итмом мерасонад. Матни пурҳаводис ва шавқовари достон мисли синамо диққати шунавандаро ба худ мекашад»,- иттилоъ дод манбаъ.
Ҳотам Ҳакимов гуруғлихониро аз бобояшон Лойи Кучакшо омӯхта, сипас, бо шогирдӣ дар назди гуруғлихони шинохтаи замони худ Бобои Ҳусейн тӯли даҳ сол ин санъатро аз худ кардааст.
Ҳотам Ҳакимов барои иштирок дар чорабинии гуруғлисароӣ ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват шудааст








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






