«Пешвоӣ хешро бар халқи худ бахшидан аст» — шарҳи матбуот

Ноябрь 17, 2016 17:28

Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи навбатӣ (15.11.2016,№225) мақолаи муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзодаро бо сарлавҳаи «Марди қавлу амал» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба гӯшаву канори Тоҷикистони азиз сафар намуда, ба мулоқоти мардум мешитобанд, то бо розу ниёзашон аз наздик ошно гарданд, садои дилашонро бишнаванд. Дар аснои роҳ ба қуллаҳои кӯҳсорони Бадахшону Зарафшон, Ҳисору Рашту Хатлон, ки аз партави хуршеди саҳаргоҳон арғувонӣ мегарданд, дида медӯзанд, андешаҳояшон ба умқи таърих фурӯ мераванд ва ҳодисоти замона ба ҳам омехта гардида, пеши чашмонашон ҷилвагар мешаванд… Сарвари давлат дар хусуси он меандешанд, ки тоҷикон дар сайри таърихӣ, дар гирудор ва фоҷеаҳои хунини рӯзгор такя ба забону фарҳанги нотакрор ва ҷавҳари маънавиёти воло намуда, умри ҷовидон ёфтаанд».

Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин мақолаҳои Муҳаммадюсуф Имомзода бо сарлавҳаи «Рӯзи Президент – рамзи эҳтиром ва садоқат», Кароматулло Олимов «Ифтихори беандоза», Раҳмони Гулзор «Эмомалӣ Раҳмон: «Ин кӯза аз хок нест, ин тиллост» ва матни қонунҳои конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешкаши хонандагон шудаанд.

Дар шумораи дирӯз чопшудаи «Ҷумҳурият» (16.11.2016,№226) суханони Александр Лукашенко, президенти Ҷумҳурии Беларус, ки гуфта буд: «Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз ҷанг ба сулҳ овард. Ман ба чунин хулоса омадам, ки тоҷикон халқи меҳнатдӯст, некхислат, сулҳхоҳ ва самимианд. Барои ҳамин чун Президенташон лоиқи ояндаи бузурганд», дарҷ гардидаанд. Мақолаҳои Махфират Хидирзода «Пешвоӣ хешро бар халқи худ бахшидан аст», Шамсуддин Орумбекзода «Президент – ва эҳёи фарҳанги миллӣ», Файзулло Атохоҷаев «Арбоб» ва хизмати як рӯзнома», Абдурасул Холмуродов «Мо шоҳидем», Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода «Ёде аз ду вохӯрӣ бо Президент» паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти босамари Пешвои миллатро инъикос кардаанд. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия андешаҳои С.Ятимов ба манзумаи Ниҳонӣ бо сарлавҳаи «Достони ҷавонмардӣ» чоп шудааст. Қобили зикр аст, ки достони «Дар ситоиши Пешвои миллат» ба фаъолияти яке аз бузургтарин абармардони асри ХХI, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки онро Ниҳонӣ дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» нашр кардааст.

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм сармақолаи Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Субҳиддин Шамсиддинзодаро бо сарлавҳаи «Президент ва фарҳанг» чоп кардааст. Муаллифон навиштаанд: «Дар Тоҷикистон имрӯз бо фарҳанги волои шаҳрсозӣ, меъморӣ, сулҳофарӣ, ва бунёдкорию созандагии Президенти худ мардум ифтихору сарфарозӣ менамоянд. Ҳамин сиёсати фарҳангсолори Сарвари давлат аст, ки дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими садҳо иншооти фарҳангӣ амалӣ гардида, бузургтарин чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат баргузор шудаанд». Нашрия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои «Пешвои миллат ва рушди муносибатҳои дипломатӣ», «Ваҳдатгарои миллат», «Пешвои миллат ғамхори омӯзгоронанд», «Рӯзе, ки моҳияти таърихӣ дорад», «Эмомалӣ Раҳмон – меҳвари ваҳдат»-ро чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаи Усмон Раҳимзода «Тухми тиллоӣ ва заволи «Мурғи ҳилол»-ро чоп кардааст. Муаллиф аз он изҳори ташвиш кардааст, ки «Зиёда аз як моҳ мешавад, ки ғайричашмдошт нархи тухми мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафт. Вазорати кишоварзӣ ин омилро ба кам шудани воридоти тухм аз хориҷи кишвар марбут медонад. Дар давоми сол 6,62 млн. дона тухм кам ворид шудааст. Аз тарафи дигар корхонаи калонтарини ҷумҳурӣ ҶДММ «Мурғи ҳилол» аз фаъолият бозмондааст».

Нашрияи «Баҳори Аҷам» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳои шоирони шинохта Муъмин Қаноат «Савори Саманд», Ширин Бунёд «Шаҳсавори миллати мо», Гурез Сафар «Эҳдо ба Эмомалӣ Раҳмон», Саидҷон Ҳакимзода «Чеҳраи субҳ» ва мақолаи Низом Қосимро бо сарлавҳаи «Пеши раҳ во мешавад аз Пешво…» нашр кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз таҷлили Рӯзи Президент дар Маскав ва намоиши китобҳои Пешвои миллат хабарҳо нашр карда, идомаи мақолаи «Амнияти ҷомеа ва озодиҳои шахсият»-ро пешкаши мухлисони худ кардааст.

Ноябрь 17, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад
Пагоҳ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд