Пешвои миллат: «Истеҳсолоти саноатӣ- омили муҳимтарини пешбарандаи иқтисоди миллӣ»

Ноябрь 18, 2016 11:23

31042674156_57b24e962a_zДушанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Истеҳсолоти саноатӣ омили муҳимтарини пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад»,-иброз намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Азот»-и шаҳри Сарбанд.
«Рушди устувори хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат, алалхусус, парвариши пахта ва дигар намуди зироат бо масъалаи таъмини саривақтӣ бо тухмии хушсифат ва нуриҳои минералӣ робитаи зич дорад.
Зеро истифодаи нуриҳои фосфордор дар давраи шудгори тирамоҳӣ ва таъмини талаботи соҳаи кишоварзӣ бо нурии азотӣ дар марҳалаи аввали нашъунамои зироат омили асосии баланд бардоштани самаранокии замин ба шумор меравад»-, илова намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат бо итминон баён доштанд, ки бо барқарор гардидани истеҳсоли ин намуди маҳсулот, яъне нуриҳои азотӣ дар корхона заминаи боэътимоди рушди соҳаи кишоварзии мамлакат фароҳам гардида, ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар, бахусус, мутахассисони соҳа бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Ноябрь 18, 2016 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд