Рустам Назарзода бо намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби сурх масоили омӯзиши кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ кард

Ноябрь 23, 2016 10:10

Душанбе, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Тавре аз кумитаи мазкур хабар доданд, ҳадафи мулоқот баррасии фаъолияти имсолаи Салиби сурхи байналмилалӣ, дурнамои ҳамкорӣ ва мусоидат дар таҳкими иқтидори кормандони КҲФ оид ба масъалаҳои омӯзиш дар самти пуштибонии равонӣ-иҷтимоӣ ва равонӣ буд.
«Дар ҷараёни мулоқот Рустам Назарзода оид ба муҳим будани ташкили хадамоти равоншиносон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки бо мақсади ташкил ва татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳолати рӯҳии фаъолияти касбии кормандони КҲФ, расонидани кумакҳои буҳронии равонӣ ба зарардидагон дар вазъи фавқулода зарурати ташкили ин гуна хадамот ба миён омадааст»,-хабар дод манбаъ.
Намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон зикр карданд, ки «бунёди чунин хадамот имкон медиҳад, ки майдони ҳамкорӣ миёни Кумитаи байналмилалии Салиби сурх ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ васеъ шавад».

Ноябрь 23, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид