Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳамкории Конфедератсияи Швейтсария бо Тоҷикистон зиёда аз 20 сол боз идома дорад»
Душанбе, 22.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории Конфедератсияи Швейтсария бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли зиёда аз 20 сол идома дорад, ва дар ин росто мо тавонистем дӯстии байни мардумони ду кишварро қавитар гардонем»,-иброз дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Урс Шмид пас аз супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфти Урс Шмид, ҳамкории Швейтсария ва Тоҷикистон дар соҳаи молия, бахусус байни бонкҳои миллӣ ва вазоратҳои иқтисодӣ хеле назаррас мебошад.
«Конфедератсияи Швейтсария тавонист барои ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо кумаки худро расонад»,- таъкид намуд Урс Шмид.
Инчунин Сафири Конфедератсияи Швейтсария иброз намуд, ки дар доираи ду даҳсолаи охир ҷониби Швейтсария зиёда аз 200 млн доллар маблағ пешниҳод намуд, ки ин барои кумак расонидан ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди кишвар равона гардидааст.
Сафири Швейтсария таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон инчунин дар самти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ идома доранд.
Дар бахши хусусӣ низ лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






