Шоми имрӯз пианинонавози олмонӣ Росвита Ломер дар Душанбе барномаи консертӣ доир менамояд

Ноябрь 9, 2016 15:36

Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов консерти классикии фортепиано бо иштироки пианинонавози машҳури олмонӣ Росвита Ломер баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ташаббускори барнома Сафорати  Олмон дар Тоҷикистон буда, баргузории консерт шоми 11 ноябр низ дар назар дошта шудааст.

Дар барномаи консертии пианинонавози олмонӣ Росвита Ломер осори классикии бастакорони ҷаҳонӣ манзури ҳаводорони санъати фортепиано мегардад.

Қаблан Росвита Ломер дар зиёда аз 40 давлати қитъаҳои мухталифи дунё, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва Чин ҳунари худро намоиш додааст.

Ноябрь 9, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Хоруғ мизбони конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти сулҳу ваҳдат шуд