Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот намуд

Ноябрь 25, 2016 15:27

Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни малоқот бо раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Покистонро дар соҳаи энергетика муҳиму зарурӣ арзёбӣ кард.
«Тоҷикистон ба ҷалби сармоягузории покистонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ҳавасманд буда, чунин мешуморад, ки амалӣ шудани лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика на танҳо ба манфиати ду кишвар хизмат мекунанд, балки барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа заминаи амалӣ мегузоранд», — зикр гардид зимни мулоқот.
Мувофиқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони мамлакат, имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти сарони парлумони ду кишвари дӯст — Тоҷикистону Покистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар татбиқи лоиҳаи бузурги байнидавлатии хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 таъкид карда, зикр намуданд, ки барои амалӣ намудани чунин тарҳҳои барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим захираҳои калони обии Тоҷикистон, ки тақрибан ба 60% обҳои минтақа баробар аст, созгор мебошанд.
Сардор Аёз Содиқ изҳор кард, ки сатҳи ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои мо қаноаткунанда буда, дар баробари ин имконоти истифоданашуда зиёданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчунин хоҳони ҳузури бештари сармоягузорони покистонӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонӣ ва коркарди пӯст мебошад.

Ноябрь 25, 2016 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад