Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо
Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ташкили низоми доимии муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пагоҳ, 30 ноябр дар Душанбе Симпозиуми илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Мақсад аз ҳамоиш мусоидат ба такмили ҳамгироии фаъолияти мақомоти давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон, ташкили муҳокимаҳои созанда ва мубодилаи афкор доир ба имконияту маҳдудиятҳои таъмини рушди сармоявии иқтисод, дастгирии пешниҳоду иқдомҳое мебошад, ки ба таъмини самаранокии ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи сиёсати сармоягузорӣ ва ҳамгироиҳои он бо афзалиятҳои соҳавию минтақавӣ равона гардидаанд»,-хабар дод манбаъ.
Дар Симпозиуми илмию амалии ҷумҳуриявӣ масъалаҳои вазъи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои сохтории рушди сармоявии иқтисод, тамоюлҳо дар сиёсати сармоягузорӣ, дастгирии ҳуқуқии ҷалби сармоя, сифати ниҳодҳои рушд ва фаъолияти сармоягузорӣ, афзалиятҳо дар сармоягузорӣ, имкониятҳои рушди саноатии Тоҷикистон, вазъ, тамоюл ва чолиш дар фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.
Дар назар аст, ки дар симпозиум роҳбарони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказҳову пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимии олӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иштирок кунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






