Соҳибкор Назар Қосимов дар Мӯъминобод мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохт
Қӯрғонтеппа, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Шаҳбачаи Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод биноҳои нави бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Назар Қосимов ба истифода дода шуданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод иттилоъ доданд, мактаб дорои 6 синфхона, 1 утоқи кории директор, як хонаи муаллимон аст. Мактаб бо 120 ҷойи нишаст барои як баст сохта шуда, бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Соҳибкор Назар Қосимов ният дорад, ки дар соли 2017 муассисаи томактабӣ-боғчаи бачагонаи замонавӣ созад.












Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






