Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Ноябрь 24, 2016 16:59

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин рӯз чун анъана ба сарбози беҳтарин шарафи боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиб гардид.
Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомаду ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ гузаронида шуда, ба сарбозон афсарони соҳибтаҷриба рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва эҳтирому муҳаббат ба Парчамро фаҳмониданд.
Дар ин рӯз дарсҳои тарбиявӣ бо нақлҳо аз солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардида, гуфта шуд, ки ҳар ваҷаб хоки Ватан, ки аз дасти ғосибони фашистӣ озод мешуд, дар он ҳатман парчам парфишон мегардид ва рӯҳияи ҷанговаронро боло мебурд.
Ҳамаи ин чорабиниҳои тантанавӣ бо сафороии ҳарбӣ ва гузашти низомӣ анҷом ёфтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ин бора чунин гуфтанд: «Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд».

Ноябрь 24, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад