Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати риояи тадбирҳои бехатарӣ дар ҳоли афтидани якпораҳо аз бомҳо
Душанбе, 28.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва баландшавии ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, аз 29 ноябр то 1 декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво дар Суғд то 5-8 дараҷа, Хатлон 7-10 дараҷа, навоҳии тобеи марказ 6-9 дараҷа ва ВМКБ то 3-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нимаи дуюми имрӯз ҳаво дар сар то сари кишвар рӯ ба гармӣ меорад ва ҳарорати он аз 10 дараҷа боло мешавад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, сардиҳои чанд рӯзи охир нишонаҳои аён аз худ боқӣ гузоштаанд. Як нишонаи он мавҷудияти яхпораҳо ва шӯшаҳои овезон дар бому бомгӯшаҳост. Захмҳо бар асари уфтодани шӯшаҳо ва якпораҳо ҳамеша хатарноканд ва мебояд тадбирҳои бехатариро дар ин маврид риоя кард.
Дар ҳамин иртибот кумита дар муроҷиат ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистанд. Дар ин ҳолатҳо ба бозии кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунанд, ки ташкилоти хизматрасонро огоҳ созанд. «Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд»,- афзуд манбаъ
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кунанд:
Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гирифта, ба боло нигоҳ кунед. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то ба шумо осеб нарасад.
Агар Шумо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо шудед, пас фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба телефонҳои 223 13 11 ва 221 91 19 занг занед.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






