Тоҷикистон-минтақаи сайёҳӣ

Ноябрь 12, 2016 09:41

Душанбе, 12.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Тоҷикистон- минтақаи сайёҳӣ» намоиш  доир гардид, ки ҳадафи он саҳм гузоштан дар ободии кишвар ва рушди саёҳату туризм буд.

Тавре аз Донишкадаи мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар намоишгоҳ донишҷӯёну устодони донишкада намунаи дастранҷи худро, ки барои густариши фарҳангу маданияти Тоҷикистон замина мегузорад, пешкаши ҳозирин гардониданд.

Ба иштирокдорон махсусан намоиши либосҳои миллӣ, лоиҳаҳои минтақаҳои истироҳатӣ, бизнес-нақшаҳо, расмҳои кашидашуда, туҳфаҳои омоданамудаи донишҷӯён аз сангу матоъҳо барои хориҷиён ва анвои гуногуни хӯрокиҳо писанд омаданд.

 

Ноябрь 12, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд