Вохўрии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва кишвари Олтойи Русия дар мавриди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар намояндагии «Россотрудничество» баргузор мегардад

Ноябрь 21, 2016 16:37

Душанбе, 21.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вохўрии доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Олтойи Федератсияи Русия дар мавриди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ пагоҳ, 22 ноябр дар намояндагии «Россотрудничество» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба ҳайати кишвари Олтой намояндагон ва роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Олтой, ширкатҳои бонуфузи ин кишвар, аз қабили ҶДММ «Алкей», ҶДММ «СистемСервис», ҶСК «Торговый дом «Велес», ҶДММ «Одуванчик» ва дигар ширкатҳои маъруфи саноатӣ шомил мебошанд.
Дар назар аст, ки соҳибкорони олтоӣ аз 23 то 25 ноябр аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ дидан намуда, бо соҳибкорони ин вилоят мулоқот анҷом диҳанд.

Ноябрь 21, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад