З.Асрорзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст»

Ноябрь 1, 2016 16:16

Душанбе, 01.11.2016/АМИТ «Ховар»/. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи  мустаҳками халқи тоҷик  санади тақдирсоз-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Он имрӯз ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида,  заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Соли равон аз қабули он 22 сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо  Зуҳуриддин Асрорзода, сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Аҳамият ва ҷойгоҳи Конститутсия дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

З. Асрорзода: Бояд зикр кард, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти комили худро ба даст овард. Он замон мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ҳолате қарор доштанд, ки баъзе аз гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ мехостанд бо роҳи ғайридемократӣ, яъне ғайриконститутсионӣ ҳокимиятро ба даст оранд. Барои ҳамин дар он давра дар муддати кӯтоҳтарин ё ин ки саросемавор қабул кардани ин ҳуҷҷати тақдирсоз имконнопазир буд. Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ба миллати тоҷик Худованд сарвареро насиб гардонид, ки ояндаи давлату миллати худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорад. Ин кас Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо  гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва бо  инобати таклифҳои шаҳрвандон рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ эълон карда шуд. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар қардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд. Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ояндаи давлату  миллати  моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевоситава ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.  Намунаи олии он ин аст, ки имрӯз халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.

«Ховар»: Амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсияро чӣ гуна арзёбӣ   мекунед?

З. Асрорзода: Барои амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита амалӣ мегарданд, дар ҷомеаи имрӯзаи мо бояд маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон  боло бурда шавад. Имрӯз мо мебинем, ки нисбат ба солҳои қаблӣ мардуми Тоҷикистон фаъол шуда, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқияшон низ аллакай ба таври назаррас боло рафтааст. Мардум медонанд, ки дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқу уҳдадориҳояшон ба воситаи муроҷиат ба ниҳодҳои дахлдори давлатӣ метавонанд ҳуқуқҳои худро барқарор намоянд.

«Ховар»: Маърифати ҳуқуқии мардум то кадом андоза боло рафтааст ва онҳо то чӣ ҳад аз Конститутсия ва ҳуқуқҳои худ огоҳӣ доранд?

З. Асрорзода: Яке аз нишонаҳои баланд рафтани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми тоҷик дар он зоҳир мегардад, ки рӯзи 22-юми майи соли равон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид. Тағйиру иловаҳои пешбинишуда бо ҷонибдории бевоситаи  мардуми тоҷик қабул карда шуданд. Ин шаҳодати он аст, ки мардум  аллакай медонанд, ки кадом роҳро интихоб намоянд. Барои ҳамин ҳам дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд ва онҳо бо иштироки бевоситаи халқи Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Иштироки фаъолонаи мардум аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ маълумот доранд.

«Ховар»: Тавре медонем, ба Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Ин тағйирот ба мукаммал гардидани Конститутсия чӣ таъсир расонид?

З. Асрорзода: Дарвоқеъ, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳадаф аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо-беҳтар кардани ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо мебошад, ки дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф карда шудаанд. Имрӯз ҷамъият пеш меравад ва муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки бояд ба танзим дароварда шаванд, ба миён омада, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо  низ ба миён омадааст. Аз ҷониби шахсоне, ки ҳуқуқи пешниҳод кардани лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро доранд, пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби халқ дастгирӣ ёфт. Агар мо ба тағйиру иловаҳои соли 1999 назар афканем, дар он то кабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти қонунгузор танҳо аз Маҷлиси Олӣ иборат буд. Имрӯз дар дохили он ду маҷлис амал мекунанд.

«Ховар»: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чӣ гуна эътироф гардидааст?

З. Асрорзода: Агар дар ҷаҳон панҷ Конститутсияи беҳтарин бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо иродаи мустаҳками халқи тоҷик қабул гардидааст, яке аз беҳтаринҳо буда, дар панҷгонаи мазкур дохил ва эътироф карда шудааст. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида,  заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки мо бевосита онҳоро дар амал татбиқ менамоем ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунем.

«Ховар»: Чанд моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро танзим менамоянд?

З. Асрорзода: Дар маҷмӯъ, 34 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки баробар ба аз се як ҳиссаи моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро бевосита ба танзим медароранд.

«Ховар»: Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсия ба мардуми Тоҷикистон чӣ таманно доред?

З. Асрорзода: Таманно мекунам, ки мардуми шарафманди тоҷик зери осмони соф умр ба сар баранд ва аз ҳуқуқҳои хеш ҳамеша огоҳ бошанд.

Мусоҳиб Шукӯҳи Далер, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ноябрь 1, 2016 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин