22 марти соли 2018 — Рӯзи байналмилалии захираҳои об

Декабрь 23, 2016 08:51

ДУШАНБЕ, 23.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии СММ қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ дар Кумитаи дуюми МУ СММ пешбарй шуда буд, тасдиқ гардид.
Ҳамин тавр МУ СММ бо қарори нави худ иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», ки бори аввал дар Форуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд, дастгирӣ кард.
Мутобиқи қатъномаи қабулшуда, Даҳсолаи Байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» рӯзи 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 марти 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи мазкур дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорй ва шарокат ҷиҳати татбиқи аҳдофи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, масъалаҳои таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои об ва ҳамгироӣ байни захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро мегирад. Инчунин қатъномаи қабулшуда мудирияти ҷараёни тадорукот ва татбиқи Даҳсолаи мазкурро ба уҳдаи Дабири кулли СММ вогузор менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоҷониба дастгирӣ карданд.
Аз ҷумла:
1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) эълон намудани соли 2003 Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт». 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.
3. Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.
4. Эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд:
Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об;
Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об;
Натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об.

Декабрь 23, 2016 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид