Ҳадафи Паём- беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон
ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои мустақими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварро дар бар мегирифт, ба таври густурда роҳандозӣ гардид. Дар ин бора аз Агентии мазкур хабар доданд.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ дода, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар Паёми навбатӣ зикр гардид, соли 2016 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шуда, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд, ки барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 2 баробар ва нафақа 1,6 баробар афзоиш ёфт. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд.
Дар Паёми имсола низ ба самти маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуд. Буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми имсола бармеояд, ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани онҳо, саъю талош варзида, саҳми арзандаи худро дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мегузоранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






