Адиби публисист Камол Насрулло дар бораи ҷанбаҳои нерубахш ва нуктаҳои тақдирсози Паёми Пешвои миллат

Декабрь 31, 2016 09:53

kamol-nasrullo-66ДУШАНБЕ, 31.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат воқеан паём аз оғози марҳилаи нави рушди кишвар, паём аз ворид гардидани мардуми шариф ва халқи заҳматпешаи кишвар ба марҳилаи нави пешрафту бунёдкориҳост. Натиҷаи назарраси заҳматҳои софдилонаву ватандӯстонаи халқи тоҷик ва  мардуми Тоҷикистон  дар зарфи 25-соли тайшуда, поягузории ҷасурона ва баэътимоди Истиқлолияти Тоҷикистони азиз дар роҳи эҳёи ҳастии миллат, роҳандозӣ намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқамон дар ҷодаи расидан ба дастовард ва армонҳои бузург аст.

Метавон гуфт дар зарфи 25 сол заминаҳои қавӣ ва мустаҳками истиқлолияти кишварамон новобаста ба мушкилоти рӯзгор, вазъи мураккабу номусоиди асру замон гузошта шуданд.

Мо ҳаргиз набояд аз ёд бубарем, ки Истиқлолияти давлатии мо аз  рӯзҳои аввали ба дунё омаданаш  ба чӣ озмоиши сангини таърих рӯ ба рӯ омад, чӣ қадар душманони дохиливу берунӣ дошт ва баъд аз ҷангҳои шаҳрвандӣ дар чӣ харобазор, дар чӣ тиҳигоҳе  лозим омад, ки бунёд ёбад. Ин имтиҳони ҷиддӣ ва гароне буд, ки халқи хирадпешаи мо, фарзандони наҷиби он  тавонистанд сарбаландона аз он гузаранд. Бинобар ин ёдоварӣ дар Паём аз ин корномаи мардуми мо ба  маврид  аст. Зеро ин Паём то ҷойе ҷамъбасти ҳаёти 25-солаи кишвари мост.

Дастовардҳое, ки то имрӯз дар замони истиқлолият  мардуми кишвар ба он дар натиҷаи заҳматҳои ватандӯстонаи худ ноил омаданд, ба мо бори дигар эътимод ва бовар мебахшанд , ки миллати мо, халқи мо  дар роҳи дурусти рушду пешрафу заҳматҳои бунёдкорона қарор доранд.

Танҳо овардани қиёси якчанд санаду рақам кофист, ки ин дастовардҳо худ ба пеши дидаи мо ҷилвагар шаванд:

Даромади буҷети давлатӣ танҳо дар 15 соли охир аз 300 миллион сомонӣ ба 18 миллиард  расонида шуда, даромади аҳолӣ 25 баробар афзоиш ёфтааст.

Воқеан замони Истиқлолият замони эҳёи дубоаву ободиву бунёдкориҳои чашмрас гардид. Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан,  ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11, 4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ва натиҷаи ин буд, ки кишвари мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  ноил гардид.

Дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, илм, маориф, тандурустӣ қадамҳои бузург гузошта шуданд. 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар заминаву шароитҳо таъмин карда шуданд. Ва аз дастоварду комёбиҳои соҳаҳои гунгуни хоҷагии халқу кишвар метавон далелҳои зиёди мӯътамади дигар ҳам овард. Яъне ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони мамлакат мебошад. Нигоҳ дошта шудани рушди босуботи иқтисодии мамлакат дар ин замони  бӯҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ бешубҳа далолат аз интихоби дурусти стратегияи иқтисодиву иҷтимоии давлатдории тоҷикон аст. Имрӯз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд. Буҷаи давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, аз нисф зиёди он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона  шудааст.

Дар ин байн майдони боғу токзорҳои мамалакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 қариб 1000 гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва  таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт. Ва дар баробари ин Тоҷикистони шукуфони моро боз ҳам сарсабзу зебо ва шукуфонтар намуд.

Бамаврид аст, бигӯғем, ки ташаббус ва кӯшишҳои Сарвари мамлакат, эҳсоси зебоипарастӣ ва табиатдӯстии ӯ боис шуд, ки беҳтарин гулу гиёҳ ва дарахтони нодиру ҳамешасабз ба Тоҷикистони биҳиштосои мо ворид гардида, дар ин ҷо маскан гузиданд ва ватан ёфтанд. Ин падида низ дастоварди истиқлолият ва рамзи шукуфоии ин сарзамини куҳанбунёд аст.

Сарвари кишварамон дар паёми имсола на фақат аз комёбиҳо ва дастовардои бузурги кишвар, балки аз хусуси камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар баъзе соҳаҳоии хоҷагӣ ва рӯзгори кишвар ва роҳҳои ҳалли саривақтии он ба  маврид сухан кард.

Аз ҷумла дар Паём  аз хусуси сари вақт иҷро нагардидани  маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти онҳо таъкид карда шуд.

Савари кишвар ҳамчунин дар хусуси чораҳое, ки дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат сухан ронда, аз хусуси чораҳои саривақтие, ки дар ин самт дида мешаванд, ёдрас гардид.

Дар паёми имсола чандин масъалаҳои мубрам ва ҳаётиву тақдирсози замони истиқлолият гузошта шуда, ишора ва раҳнамоӣ ба рафъи онҳо, ки садди роҳи пешрафту тараққиёт хоҳанд буд, карда шудааст. Ишораи  Сарвари кишвар аз ҷумла  ба камбудиҳои соҳаи илм  хеле мушаххасу бамавриданд. Аз ҷумла гуфта шуд: “Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш маравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд”.

Таъсиси Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ  ба ташаббусу пешниҳоди Сарвари кишвар бешубҳа барои рафъи ин камбудиҳо ва беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ  дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ нақши тақдирсоз хоҳанд бозид. Хусусан аз ҷониби Сарвари кишвар таъкид шуд, ки дар оянда бояд олимони мо дар доираи стратегияи барномаҳои давлатӣ фаъолият бурда, ба тарбияи  муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ бидиҳанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии дигаре, ки аз рӯзҳои нахустини истиқлолияи ва хусусан солҳои охир дар меҳвари сиёсату фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, ин дастгирӣ аз ҷавонон, ҷалби онҳо ба  ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад, зеро аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва  иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Воқеан, ин ки ҷавонони моро имрӯзҳо як рӯҳияи баланди милливу ватандӯстӣ фаро гирифтааст ва қисми зиёди онҳо аз пайи ҳадафҳои баланди омӯзиши ҳунару илм ва бунёдкориву созандагӣ равонаанд, моро аз ояндаи неки онҳо ва кишварамон умедвор мекунад.

Нуктаи дигаре, ки дар сиёсити солҳои охири Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат хеле равшан ҷилвагар аст, ин дастгириву ғамхорӣ нисбат ба бонувон аст, ки дар Паёми имсола бори дигар равшан падидор омадаааст. Дар Паёми Президент таъкид шуд, ки занон дар кишвари мо метавонанд на танҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва соҳаҳои дигаре, ки маъмулан кор мекунанд, балки дар ҳама соҳаҳои дигари  масъули истеҳсолоту хоҷагии халқ низ самаранок  кор карда,  ба ҷомеа манфиат оранд.

Пешвои миллат аз хусуси дастовардҳои ҷолиби соҳаи маориф ва тандурустӣ сухан ронда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба камбудиҳои ин саҳаҳои ҳаётан муҳим низ ҷалб кард. Аз ҷумла, аз хусуси ҷой доштани костиҳо двр хариду воридоти доруҳои бесифат ва қаллобӣ дар ин соҳаи барои саломатии халқамон муҳим, таъкид карда шуд, зеро 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар оварда мешавад.

Дар паёми Сарвари кишвар ҳачунон дар  мавриди рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар назди  Вазорати адлия, Прократураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ масъалаҳои мушаххас гузоша шуда, оид ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо,  рафъи камбудиҳои ин соҳа супоришҳо дода шуд. Дар хусуси баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷониби идора ва сохторҳои дахлдор таъкидҳо карда шуд.

Сарвари кишвар аз ҳанӯз ҷой доштани коррупсия дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ  изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ , сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва коммисариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Таъкид карда шуд, ки дар мубориза зидди коррупсия на фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми аҳли ҷомеа бояд бояд  саҳмгузор бошад.

Метавон дар хусуси ҳар як нуктаи паёми имсолаи Пешвои миллат, тафсиру бардоштҳои ҳидояткунандаи он соатҳо сухан кард. Ин Паём бидуни шубҳа ҳуҷҷати раҳнамои тамоми ҷомеаи мо, халқи заҳматкаши мост, ки дар роҳи таҳкими истиқлолият ва амалӣ сохтани нақшаҳои бузург ва тақдирсозе, ки дар пешорӯяш гузоштааст, бо муҳаббати баланди ватандӯстӣ равона аст.

Дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, афзудани нуфузу обрӯйи он дар миқёси байналмиллалӣ моро дар роҳи эҳёи дубораи ин сарзамини куҳанбунёд ва ин халқи хирадпеша рӯҳи баланд ва нерӯи тоза мебахшанд. Пазируфта шудани пешниҳоди нави Тоҷикистони азиз ва Сарвари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ ва ҷомеаи Ҷаҳонӣ дар хусуси эълон намудани Даҳсолаи нави байналмиллалии “Об барои рушди устувор” боз як пирӯзии сиёсии Тоҷикистон ва Пешвои миллати тоҷикон аст, ки аз хиради зотии мардуми ин сарзамин рӯидааст.

Мо аминем, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар, ки дар Паём хеле равшану возеҳ дарҷ ёфтаанд, ҳамарӯза ҳидоятгари мардуми шарифи Тоҷикистон, идораву корхонаву вазоратҳо, роҳбарони онҳо ва ҳама  масъулон  хоҳанд гашт, зеро ин Паёми Пешвои миллатамон воқеан барномаест, ки бо камоли хирад, масъулият ва ҳадафҳои бузурги созанда ироа гардидааст.

 

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Декабрь 31, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст