«Асрори азалро на ту дониву на ман…»- намоиши асарҳои рассом Далер Миҳтоҷов

Декабрь 19, 2016 16:30

ДУШАНБЕ, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов панҷумин намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи намоиш Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзода зикр кард, ки «бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои рассомон дар мамлакат майдони фарохи эҷодӣ муҳайё шуд. Сокинон ва меҳмонони кишвар бо офаридаҳои онҳо шинос шуда, таассуроти хешро нисбат ба зебоиҳои дунёи инсон ва табиат бою ғанӣ мегардонанд».
Дар намоиш ҳамчунин таъкид гардид, ки асоси офаридаҳои ин рассом аз эҷодиёти шоирони классики тоҷику форс сарчашма гирифта, дар онҳо муаммоҳои имрӯзаи ҷомеа тасвир ёфтаанд, ки бешубҳа, арзиши баланди тарбиявӣ доранд.
Дар намоиш, ки таҳти унвони «Гулбоғи Хайём» доир гардид, асарҳои нави рассом бо илҳом аз эҷодиёти Умари Хайём пешниҳоди дӯстдорони санъат гардиданд. Инчунин асарҳои эҷоднамудаи рассомон ва донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дар зери рубоии машҳури Хайём-«Асрори азалро на ту дониву на ман…» ба маъраз гузошта шуданд.
Меҳмонони зиёд аз асарҳои офаридаи ин ҳунарманди соҳибистеъдод дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Тавре мушоҳида шуд, дар асарҳои ин марди ҳунар бештар паҳлӯҳои зиндагии ҳаррӯзаи мардум, ки одамон ҳамарӯза бо он рӯ ба рӯ мешаванд, инъикос ёфта, ҷанбаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Тамошобинон аз дидани ҳар як асари офаридаи мавсуф як ҷаҳон баҳра гирифтанд.
Ҷонибек Асрориён, фарҳангшинос аз тамошои ин намоиш таассуроташро чунин баён намуд: «Дар бештари асарҳои ин рассом тақдири имрӯза ва ояндаи инсоният тавассути рангҳо ифода меёбад ва некию бадӣ дар маркази тасвирҳои нозук қарор мегиранд. Дар як тасвири рассом дидам, ки кӯзае дар берун асту кӯзае даруни қафас, ки ин андешаи ғуломонаро маҳкум мекунад. Дар маҷмӯъ Далер Миҳтоҷов ҳикмати фалсафии Хайёмро дар як намунаи ҳунари миллӣ хеле хуб кушодааст».
Ин ҳунарманд дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамояд. Мазмуну мундариҷаи асарҳояшро масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили нафрат ба ҷанг, таҳаммулгароӣ ва тараҳҳум ба инсон, сулҳу субот ва дӯстиву ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.
Аз интихоби рангҳо бармеояд, ки рассом тарғибгари сулҳу субот ва ваҳдати комили инсонҳо мебошад.

Декабрь 19, 2016 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд