Филми «Моҳӣ дар шаст» дар синамоҷашнвораи «Парвонаи алмосӣ» ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар хонаи синамои Никита Михалкови шаҳри Москва маросими бошукуҳи ҷоизасупории «Парвонаи алмосӣ» («Бриллиантовая бабочка») баргузор гардид. Зимни он дар байни филмҳои беҳтарин филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» дар ду бахш ба сегонаи беҳтаринҳо ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» аз байни 34 филме, ки аз 17 кишвари ҷаҳон ба ин синамоҷашнвораи байналмилалӣ пешниҳод гардида буд, дар бахшҳои «Беҳтарин нақши дуюми мардона» ва «Беҳтарин коргардон» ба қатори сегонаи беҳтарин роҳ ёфт.
Ҷоизаи «Парвонаи алмосӣ» нахустин иқдоми бузург дар муттаҳидсозии ҳунармандони АвруОсиё ба шумор меравад. Иштироки синамогарони тоҷик дар он қадами муҳим барои муаррифии фарҳанг ва синамои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон наворбардорӣ гардидааст.
Филм аз рӯзгори Далер ном тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки дар суроғи модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.
Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ намудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти «Довфилм»








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






