Ҷавонон, ба пеш! Роҳпаймоии беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 28.12.2016. /АМИТ «Ховар». Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми имсола аз ҷониби мардуми кишвар, махсусан насли ҷавон хеле хуб истиқбол гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон ва сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо баргузории роҳпаймоие пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ дар кӯчаҳои марказии ноҳия роҳпаймоӣ анҷом дода, изҳор намуданд, ки барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар оянда низ талош хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






