Аз Паём то Паём: Соли 2016 барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобарор буд

Декабрь 21, 2016 12:17

dsc_0327ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ буда, дар таъмини манфиатҳои миллии кишвар ва ҳифзи амнияту истиқлолияти давлат нақши муҳим дорад. Тоҷикистон баъд аз пошхўрии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро тасдиқ намуд ва дар талоши соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол намудани давлати навтаъсис дар арсаи ҷаҳонӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу талош намуд. Дар тўли 25 соли истиқлолият кишвари мо бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз бо кишварҳои Аврупою Осиё, Россияву ИМА, Осиёи Марказиву Ҷанубу Шарқӣ ва ҷаҳони ислом муносибатҳои худро барқарор намуд. Ва дар муносибати бисёрҷониба бо СММ, СҲШ, СПАД, САҲА ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналхалқӣ сиёсати сулҳҷӯёнаро амалӣ намуда истодааст.

Ҳар сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2002 инҷониб Паёми худро дар самти сиёсати дохиливу хориҷӣ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мақомоту ниҳодҳои давлатӣ ва ба шахсони фаъоли ҷамъият мерасонанд. Дар Паёми сипаришудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ тамоми он масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва коммуникатсионие, ки ироа карда шуда буд, иҷро шуданд. Мо худ шоҳидем, ки ба сохтмони сарбанди НБО-и Роғун бо ташаббуси худи Пешвои миллат, ки якуним соат дар сари чанбараки булдозер нишаста, маҷрои оби дарёи Вахшро бастанд, замина гузошта шуд.

Дар  самти сиёсати хориҷӣ низ як қатор масъалаҳои мубрами давлатӣ ҳалли худро пайдо карданд. Соли равон дар самти сиёсати хориҷӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёздаҳ сафарӣ расмию давлатии хориҷӣ намуданд, аз ҷумла:

  • Аз 16 то 17 марти соли 2016 сафари расмӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб;
  • Аз 15 то 17 майи соли 2016 сафари расмӣ ба Давлати Кувайт;
  • Аз 23 то 24 июни соли 2016 сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  • Аз 31 июл то 2 августи соли 2016 сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Индонезия ва иштироку суханронӣ дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ;
  • З сентябри соли 2016 сафар бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  • 16 сентябри соли 2016 сафари корӣ бо мақсади иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Қирғизистон;
  • Аз 13 то 14 октябри соли 2016 сафар бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Ҷумҳурии Арманистон;
  • Аз 28 то 30 ноябри соли 2016 сафари корӣ бо мақсади иштирок ва суханронӣ дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт ба Венгрия;
  • Аз 1 то 2 декабри соли 2016 сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия;
  • Аз 12 то 16 декабри соли 2016 сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка;
  • Аз 17 то 18 декабри соли 2016 сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон.

Санадҳои нави ҳамкорӣ дар ин сафарҳо ба имзо расида, соҳаҳои сиёсию амният, иқтисоду иҷтимоъ, маориф, варзиш, гидроэнергетика, сармоягузорӣ, инфрасохтори нақлиёт, коммуникатсия, саёҳат ва дигар соҳаҳоро дар бар гирифтанд, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон хеле мусоид ва нафъовар ҳастанд. Дар самти сиёсати хориҷӣ як қатор корҳо бо  иштироки дигар мақомоту ниҳодҳои дахлдор оид ба сиёсати хориҷӣ баргузор гардиданд, ки барои тақвияту таҳким бахшидан ба ин соҳаи муҳими давлатӣ хеле самаранок шинохта шудаанд. Инчунин Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир буд ва мемонад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории судманд густариш диҳад.

Дар соли оянда низ мебояд мо муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Россия идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким бахшем. Аз ҷумла, дар муносибат бо кишвари ИМА ва кишварҳои Аврупо низ моро мебояд дар соли оянда сиёсати хориҷиро тақвияту таҳким диҳем ва зидди низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ дурандешона назар карда, мубориза барем.

 

Т. АЗИМЗОДА,

мутахассиси Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Декабрь 21, 2016 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст