Аз сарҳадшикан зиёда аз 20 кг ҳашиш дарёфт гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати гумрук дар ВМКБ истиқоматкунандаи деҳаи Вияри улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ дастгир карданд.
Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда ду халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохили онҳо маводи ҳашиш бо ҳаҷми 21 кг 700 грамм мавҷуд буд, мусодира гардид».
Ҳамчунин кормандони Агентӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сокини 43-солаи пойтахтро бо маводи ҳашиш, ки вазни он қариб 1 килограммро ташкил медод, дастгир намуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






