Ба донишҷӯёни ДДТТ роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории ВНМО фаҳмонида шуд

Декабрь 1, 2016 11:37

Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре ки аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар ҷамъомад намояндагони шуъбаи кор бо ҷавонон, кафедраи валеология ва тарбияи ҷисмонӣ ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни факултети тиббии Донишгоҳ иштирок намуданд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ба донишҷӯён филми кӯтоҳмуддат дар бораи сабабҳо, роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории АНМО намоиш дода шуд.

Декабрь 1, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад