Ба кормандони БМТ лоиҳаи Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ (IFC) муаррифӣ гардид

Декабрь 7, 2016 10:24

ДУШАНБЕ, 07.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ (IFC) оид ба таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи омӯзиши натиҷаҳои таъсири низоми мубодилаи маълумоти қарзӣ ба бахши молиявии мамлакат ва баррасии имкониятҳои ба роҳ мондани тадқиқоти муштарак ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муаррифӣ гардид. Дар ин бора аз БМТ хабар доданд.
Заррина Одинаева, менеҷери лоиҳаи Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ дар ҷараёни муаррифии лоиҳа иброз дошт, ки «мақсади тадқиқот муайян ва таҳлил кардани таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии низоми мубодилаи маълумоти қарзии бюроҳои хусусӣ, бахусус таъсири онҳо ба ҳамгироии молиявӣ ва сифати сандуқи қарзӣ, таҳкими устуворӣ ва кам кардани хавфҳо дар бахши молиявӣ, ҳамчунин баланд кардани сатҳи дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ мебошад».
«Тадқиқоти мазкур дар сатҳи кишварҳо аввалин тадқиқоте хоҳад буд, ки бо мақсади муаяйн намудан ва дар асоси ҷамъоварию таҳлили маълумоти аниқ додани баҳои шуморавӣ ба тағйироту ислоҳотро то ва баъди татбиқи низоми мубодилаи маълумоти қарзӣ муқоиса менамояд»,- зикр гардид зимни мулоқоти корӣ.
Дар мулоқоти намояндагони Корпоратсияи молиявии байналхалқии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо кормандони бонк муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба паҳлӯҳои мухталифи муаррифии лоиҳаи пешниҳодгашта мулоҳизаҳои худро иброз дошт.

Декабрь 7, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад