Баланд бардоштани маърифати истифодаи захираҳои обӣ масъалаи муҳим ва мубрами ҷаҳони муосир аст
ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Об-омили рушди устувор» дирӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати кишвар баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Диловар Қодирзода, ректори донишкадаи мазкур таъкид намуд, ки имрӯз баланд бардоштани маърифати истифодаи захираҳои обӣ масъалаи муҳим ва мубрами ҷаҳони муосир ба шумор меравад.
Коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев Тоҷикистонро ташаббускори масоили истифодаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ номида, баён дошт, ки ҳадафи Сарвари давлат аз пешниҳодҳо агар аз як тараф, нишон додани мавқеи Тоҷикистон дар бартарафсозии муаммоҳои иқтисодӣ бошад, аз тарафи дигар, бартарафсозии муаммоҳои экологӣ дар ҳалли зиндагии осоиштаи мардум мебошад. «Сарвари давлат даҳсолаи навинро «Об барои рушди устувор» эълон кард. Амалигардонии андешаҳои Пешвои миллат афкори ҷадид ва татбиқи арзишҳои илмиро дар истеҳсолот тақозо менамояд. Моро зарур аст, ки дар ҳалли ин масъала ба неруи зеҳнии кишвари хеш такя намоем, то тавонем нақши кишварамонро дар сиёсати обии байналмилалӣ тарҳрезӣ намуда, дурнамои онро барои минтақа ва ҷаҳон баён намоем»,-илова намуд Ҳ.Асоев.
Нормат Ҳайбатов, сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вобаста ба мавзӯъ чунин иброз дошт: «Масъалаи об масъалаи хеле муҳим буда, ҳаёт дар заминаи об ба вуҷуд омадааст. Ҳама эҳтиёҷ ба об доранд. Тоҷикистон ташаббускори асосии баргузор шудани симпозиуму қабул шудани қатъномаҳои СММ дар масъалаи об аст. Хушбахтона, рӯзи пешниҳоди Паёми Пешвои миллат Қатъномаи навбатии СММ оид ба эълон намудани Даҳсолаи навбатӣ доир ба амалиёти об барои ҳаёт қабул шуд. Ин барои рушди минбаъда иқдоми навро ба вуҷуд меорад. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба кишвари мо аз пештара бештар мегардад ва онҳо тариқи ин иқдом моро беҳтар хоҳанд шинохт. Ман ифтихор мекунам, ки ин иқдомҳо маҳз аз ҷониби Сарвари кишвари мо ба миён меоянд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро чун сиёсатмадор, ташаббускор ва шахсияти созанда эътироф кардааст»,-афзуд Н.Ҳайбатов.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






