Баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкории шарикони об дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар АИ ҶТ

Декабрь 30, 2016 11:59

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе семинари таҳлилӣ дар мавзўи «Ташаббусҳои пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба об» бахшида ба чорумин ташаббуси Тоҷикистон — «Об барои рушди устувор» баргузор гардид.
Тавре ки аз Академияи илмҳои кишвар хабар доданд, ташкилдиҳандаи семинари муҳими илмӣ Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии шабакаи «Ҳамкории обии Тоҷикистон» буданд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ саҳми калони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳодҳои пайгиронаи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҷаҳонии истифодаи об дар олам зикр намуд. Тасдиқи чунин баҳои баландро сазовор гаштани Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки чорумин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ аз 22 декабри соли 2016 қабул гардид. Қабул гаштани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба оғози марҳилаи дуюми даҳсолаи фаъолиятҳои барномавии байналмилалии «Об барои рушди устувор» замина гузошт, аз 22 марти соли 2018 то 22 марти соли 2028 давом хоҳад ёфт. Хурсандиовар аст, ки ба ҷонибдории ин ташаббуси Тоҷикистон 177 мамлакати аъзои СММ овоз доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро бо ин дастоварди муҳими Тоҷикистон, ки онро Ассамблеяи Генералии СММ қабул намудааст, табрик намуданд. Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускор ва яке аз сарварони фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, ки ба истифодаи захираҳои обӣ алоқаманд мебошанд, пазируфта шудааст. Бинобар ин, ҳоло дар назди олимони Тоҷикистон масъалаҳои нав доир ба усулҳои инноватсионии истифодаи об дар солҳои наздик меистад. Ин, пеш аз ҳама, гузаронидани тадқиқоти нав ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои обмонии инноватсионӣ, инчунин технологияҳои обмонии қатрагӣ ва каммасрафи об дар бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки ҳоло қариб 90 фоизи истифодаи об ба бахши кишоварзии мамлакат рост меояд. Бинобар ин олимони кишварро зарур аст, ки самтҳои ояндадори селексияи навъҳои нави ватаниро роҳандозӣ намуда, усулҳои нави биотехнологии ба даст овардани гибриду навъҳои нави зироатро ба роҳ монанд, то ин навъҳо ба обмонӣ камталаб, ба касалиҳою тағирёбии иқлим устувор буда, серҳосил бошанд.
Иштирокчиёни машварат инчунин масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои ҳамкории шарикони обро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва натиҷаҳои ба даст омадаи ҳамкориро дар иҷрои нақшаи соли 2016 таҳлил намуданд.
Дар семинар таъкид шуд, ки дар радифи мавҷуд будани мушкилоти Шабакаи миллии ҳамкории об дар оянда дар Тоҷикистон бояд ба ҳалли чунин мушкилот, аз қабили паст гардонидани ҳавасмандии идоравӣ ва низоъҳо дар истифодаи захираҳои обӣ, пеш бурдани назарияҳо ва принсипҳои идоракунии интеграрии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон, баланд бардоштани маълумотнокии омма доир ба усулҳои идоракунии интеграрии захираҳои обӣ диққати бештар дода шавад.
Дар семинар инчунин нақшаи кории шабакаи миллии «Ҳамкории обии Тоҷикистон» барои соли 2017 бозбинӣ шуд.

Декабрь 30, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд