Баррасии самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи БМТ

Декабрь 3, 2016 10:18

Душанбе, 03.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Нил Маккейн ва Роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуданд. Ричард Ҷонс, роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон аз хотима ёфтани муҳлати ваколаташ дар Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфт, ки аз ҳамкории самаранок бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд аст ва минбаъд низ ин ҳамкориро идома хоҳад дод»,-хабар дод манбаъ.
Дар интиҳои суҳбат Ҷамолиддин Нуралиев ба Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии БАТР Нил Маккейн ва Роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.

Декабрь 3, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд