Вакилони Маҷлиси намояндагон мушкилоти экологиро баррасӣ карданд

Декабрь 13, 2016 16:59

ДУШАНБЕ, 13.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон танҳо як масъала «Зарурати таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзёбии таъсир ба муҳити зист» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон Одина Ҳаёт иброз намуд, ки солҳои охир олимон ба мушкилоти муҳити зист диққати махсус медиҳанд. Ба масъалаҳои таносуби экологӣ, экосистема, буҳрони экологӣ, фалокати экологӣ на танҳо олимони фанҳои табиатшиносӣ, балки ходимони давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ низ таваҷҷуҳ доранд.
Таъкид карда шуд, ки инкишофи босуръати илму техника дар охири асри гузашта боиси рӯз ба рӯз ифлос шудани муҳити зист бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва биологӣ гардидааст. Замоне фаро расидааст, ки ҳар як шахс алоқамандии байни организм ва муҳити атрофро дарк намояд ва барои нигоҳдории баробарвазнии экологӣ дар табиат саҳмгузор бошад. Мушкилоти экологӣ, бадшавии ҳолати муҳити зист ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсиргузор мебошад.
Бояд гуфт, ифлосшавии ҳавои атмосфера бо роҳи ғайримустақим, яъне ба воситаи тағйирёбии иқлим, вайроншавии пардаи озонии биосфера ва боронҳои кислотагӣ ба вуҷуд омада, ба саломатии одам таъсири бевосита мерасонад. Паҳншудатарин ифлоскунандаҳои ҳавои атмосфера оксиди нитроген, сулфур, гази карбонат, карбогидридҳо, фенол, аэрозолҳо, пайвастагиҳои бухоршавандаи металлҳои вазнин ва дигар мураккаботи органикию ғайриорганикӣ мебошанд, ки дар муҳити газмонанд дар ҳолати муаллақ мавҷуданд.
Аз нуқтаи назари аксари олимони ҷаҳон яке аз сарчашмаи асосии ифлосшавии таркиби атмосфера нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб меравад, ки дар таркиби газҳои сӯхташудаи хориҷкунандааш сурб ва оксиди карбон дорад. Дар шаҳрҳои калон то 50 фоиз ва дар шаҳрҳои калонтарин аз 85 фоиз зиёд ҳавои атмосфераро газҳои сухташудаи нақлиёти автомобилӣ ифлос мекунанд.

Декабрь 13, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад