Дар Душанбе ҷаласаи ниҳоии Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ниҳоии Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа натиҷаи Конфронси вазирони Осиё оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки аз 2 то 5 ноябри соли равон дар шаҳри Деҳлӣ баргузор гашта буд, шунида шуд.
Инчунин иштирокчиён дар бораи татбиқи лоиҳаҳои байни кумита ва Барномаи Рушди СММ, ки бо дастгирии молиявии Фонди Федератсияи Россия, Ҷопон ва Швейтсария ба имзо расида буд, инчунин дар бораи маълумот оид ба лоиҳаи бехатарии озуқаворӣ ва амният дар ҷараёни татбиқии DIPECHO-9 маълумот гирифтанд.
Дар ҷаласа лоиҳаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2017-2030» баррасӣ гашт.
Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офтаҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 ҳамчун мақомоти машваратӣ дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода қабул шудааст.
Дар ҷаласа аъзои платформаи миллӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






